мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛАЙ БОРДЮЖА
Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷонибҳо доир ба ҳамдастии муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд, табодули афкор намуданд. Бо изҳори нигаронӣ аз хатари афзоиши фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ ва паҳншавии идеологияи бегона дар минтақа ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамдастии густурдаро дар мубориза бар зидди ин хатарҳо амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда ҳамдастии фаъоли давлатҳои аъзои созмон дар мубориза алайҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар нигоҳ доштани фазои эътидолу субот ва таҳкими амнияту бехатарии минтақа нақши муассир мегузорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2016 №: 194 Мутолиа карданд: 10834