мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТ, КОРМАНДОН ВА СОБИҚАДОРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди истифода қарор додани бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои асосии Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” бо роҳбарият, кормандон ва собиқадорони ин ниҳоди муҳим мулоқоти судманд анҷом доданд.
Президенти мамлакат иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ва ифтитоҳи бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ табрику шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи пешбурди хизмати дипломатӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, академик Талбак Назаров ва Абдунабӣ Сатторзода баромад карда, оид ба саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба арсаи ҷаҳон баровардани сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар, дипломатияи тоҷик ва муаррифии давлату миллати тоҷик аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи олам андешаронӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2016 №: 194 Мутолиа карданд: 10915