илм
Мушкилот татбиқи илм дар амал аст
Дар тӯли шаш моҳи соли равон институтҳои илмиву таҳқиқотӣ ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, -зикр намуд Мӯсо Диноршоев, ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат.- Аз ҷумла дар институтҳои математика ва физикаю техника намуди таҷрибавии синтезатори компютери Tajik-Text-to-Speek сохта шуда, матнҳои тоҷикиро ба забони табиӣ ва фаҳмо хонда, ба воситаи асбобҳои сохти нави криоҷарроҳӣ таъсири хунукӣ ба иммунитети организм бо иштироки мутахассисони Маркази табобатии ташхисии «Шифо», Маркази касалиҳои онкологӣ ва Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар Институти химия бо истифода аз моддаҳои фаъоли сатҳӣ «Оксфор 1107» ва «Пемисол» технологияи аз флотатсия дур намудани нитрати сурби заҳрнок коркардшуда, дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ усули ҷудо кардани уран аз партовҳо ва обҳои техникии урандор идома ёфта, усули нави коркарди маъдани урандор пешниҳод шудааст. Дар Институти гастроэнтрология аҳамияти ташхисии аnti-HBclgM ҳангоми уфунати пинҳонии В дар бемории гепатити музмин ва сиррози ҷигарро, ки сабабашон номаълум буд, омӯхтанд. Институти демография бори аввал дар ҷумҳурӣ асосҳои демографии шуғли ғайрирасмиро муайян сохта, дар асоси он як қатор чорабиниҳоро барои таъмин намудани таъсири давлат ба ин намуди шуғли аҳолӣ пешниҳод кард.
Убайдуллои МУРОД
Сешанбе, 14 июли соли 2009. № 89 (21 596). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6050