маориф
Соҳиби 13 синфхонаи
замонавӣ шудем
Биноҳои мактаби мо дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Ду бино бо маблағи 54000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ноҳия таъмир гардид.
Бинои асосии таълимӣ низ таъмири асосиро талаб мекард. Он низ таъмир гардид ва боз чор синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби буҷаи ноҳия бо маблағи 27 1000 сомонӣ дар муддате се моҳ сохта ба истифода дода шуд. Мо акнун дорои 13 синфхонаи барҳавои замонавӣ гаштем. Ҳамин тавр масъалаи таъмин бо ҷойҳои нишаст ҳалли худро ёфт.
Бо ин нома мехоҳам ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз номи ҳама омӯзгорон ва хонандагон изҳори сипос намоям.
Ғоибназар САИДОВ,
директори мактаби № 18-и ноҳияи Файзобод
Сешанбе, 14 июли соли 2009. № 89 (21 596). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5858