маориф
«Бинои
мактабро ғасб мекунанд!»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ин ном мактуби як гурӯҳ омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии № 65-и деҳаи Гулистонро, ки 21 апрели соли равон дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» дарҷ шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Тавре дар нома зикр гашта, дар ҳақиқат, бинои баҳсӣ дар асоси қарори маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонии «Гулистон» аз 30 апрели соли 2006-ум ба ихтиёри мактаби деҳа дода шуда, ба мувозинати ҷамоати Ворӯ гузаштааст.
Аммо масъулон 17 июли соли 2008 ин биноро ҳамчун айвони тамокунигоҳдории ҶСК «Тамоку»-и шаҳри Панҷакент ба шаҳрванд Т. Дӯсталиев фурӯхтаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хотири омӯзиши асли воқеа ва муайян намудани соҳибмулки ҳақиқии бинои мазкур ва ба мувозинати шӯъбаи маорифи шаҳр гузаронидани он, гурӯҳи корӣ таъсис додааст.
Муроҷиати маъмурияти таълимгоҳи мазкур ҷиҳати бекор кардани шартномаи хариду фурӯши бино айни замон дар арафаи баррасии суди шаҳри Панҷакент қарор дорад. Умедворем, масъалаи мазкур бо назардошти манфиатҳои мактабу маориф ҳал мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҳамчун таълимгоҳ истифода шудани бинои номбурда аз ҳамаи имконияту воситаҳои қонунӣ истифода менамояд.
Х. АБДУНАЗАРОВ,
раиси шаҳри Панҷакент
Сешанбе, 14 июли соли 2009. № 89 (21 596). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5774