logo

порлумон

АЗ МУХОЛИФАТ ТО МУТОБИҚАТ. СУХАН ДАР БОРАИ ҚОНУНГУЗОРӢ МЕРАВАД

Дар асоси тағийру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дар оянда сардорони муассисаҳои ислоҳӣ қабули қарор оид ба додани иҷозати сафари кӯтоҳмуддат ба маҳкумшудагонро берун аз муассисаи ислоҳӣ бе ризоияти прокурори дахлдор амалӣ карда наметавонанд.
Дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум вакилони парлумон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухолифати меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бартараф намуданд.
Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ, зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки моддаи 98-и кодекс аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ ба маҳкумшудагон додани иҷозати сафари кӯтоҳмуддатро берун аз муассисаи ислоҳӣ пешбинӣ менамояд. Вале, ба таъкиди ӯ, ҳангоми додани чунин иҷозат бояд хусусият ва вазнинии ҷинояти содирнамуда, муҳлати адои ҷазо, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ ба эътибор гирифта шавад. Яъне, қабули қарори мазкур хеле масъулиятнок буда, гирифтани розигии прокурори дахлдорро тақозо менамояд. Аммо, меъёри зикршудаи ин кодекс гирифтани чунин розигиро пешбинӣ накардааст. «Аз ин лиҳоз, бо мақсади пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ҳангоми қабули қарор аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ оид ба маҳкумшудагон, додани иҷозати сафари кӯтоҳмуддат берун аз муассисаи ислоҳӣ дар қисми панҷуми моддаи 98-и кодекс, баъд аз калимаи «рафтори ӯ» калимаҳои «бо розигии прокурор» илова карда мешавад».
Ба қавли муовини прокурори генералӣ, ин муқаррарот дар баробари сардорони муассисаҳои ислоҳӣ, масъулияти прокуроронро баланд бардошта,  ба манфиати таъмини риояи қонуният дар муассисаҳои ислоҳӣ мебошад. Ҳамзамон, ин тағйирот дар танзими татбиқи ягонаи меъёрҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мусоидат намуда, мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ии самт бартараф месозад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 10446
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед