logo

мулоқотҳо

Гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Гул, Манмоҳан Сингҳ, Глория Макапагал Ароййо, Борис Тадич, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва Кесит Пиромя дар Миср

15 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм – уш – Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Туркия дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо ба имзо расидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдулло Гул аз натиҷаҳои сафари чанде пеш ба Тоҷикистон анҷомдодааш изҳори хушнудӣ намуда, бо боварӣ таъкид дошт, ки он барои рушду густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст такони ҷиддӣ мебахшад. Изҳори боварӣ шуд, ки робитаҳои миёни соҳибкорону тоҷирон низ бояд хеле густариш ёбанд.
Иштироки Туркия дар сохтмони нерӯгоҳхои хурду миёнаи обии Тоҷикистон аз самтҳои асосӣ ва ояндадори ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид, аз ҷумла барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба дар дигар соҳаҳои  иқтисодиёт.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби Ҳаракати адами тааҳҳуд ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт.
 
* * *
Дар вохӯрӣ бо Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ масълаи рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд, аз чумла дар чаҳорчӯби омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли равон бояд ҷараён бигирад.
Манмоҳан Сингҳ изҳор дошт, ки «Ҳиндустон омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад».
Густариши робитаҳои фарҳангӣ низ бо манзури умумиятҳои зиёди бостонии ду кишвар дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар сурат гирифт, аз ҷумла доир ба мубориза бо зуҳуроти терроризму экстремизм.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва Покистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфтугӯ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом бидиҳад. Сарвазири Ҳиндустон даъватро бо хушнудӣ пазируфта, таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

* * *
Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Филиппин хонум Глория Макапагал Ароййо мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.
Таъмини раванди муколамаи муназзами сиёсӣ ва густариши робитаҳои муфид дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, фарҳанг ва ғайра ба нафъи ҳар ду кишвар арзёбӣ гардида, эҷоди заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.
Сарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода кардани санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкории дуҷониба ва барои дар сатҳи олӣ ба имзо расондани онҳо бо шумули вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарияти дигар вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шавад.

* * *
16 июли соли 2009 зимни сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Президенти Сербия Борис Тадич масоили ташкил ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Борис Тадич таъкид дошт, ки ба роҳ мондану густариш  додани муносибатҳои судманд бо Тоҷикистон ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Сербия хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон Борис Тадичро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

* * *
Дар вохӯрӣ бо  Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки 16 июл баргузор гашт, масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Яман ва сафари расмии ҷавобии Президенти Яман ба Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Сарони ду давлат ҳавасмандии устувори худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкорӣ  ва ба сатҳи муносиб баровардани робитаҳои дуҷониба таъкид намуданд.
 
* * *
16 июли соли 2009 дар вохӯрӣ  бо вазири корҳои хориҷии Таиланд Кесит Пиромя масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Таиланд, ки моҳи августи соли 2005 сурат гирифта буд ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Кесит Пиромя ба мавқеи муҳими ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши барҷастаи таъриху фарҳанги миллии тоҷикон баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Таиландро ба густариши ҳамкориҳо бо кишвари мо таъкид намуд.

Шанбе, 18 июли  соли  2009. № 90 (21 597). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2116
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед