мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРЖ САРГСЯН
Бегоҳии 13 октябри соли равон дар шаҳри Ереван Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян вохӯрд.
Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон бар-расӣ гардиданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Му-стақил, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расондани ёрӣ дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии Тоҷикистон дар доираи Соз-мони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мароқ зоҳир карда, дар ин замина фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арма-нистонро махсус таъкид намуданд.
Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Арманистон дар заминаи беш аз 30 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи муҳити зист, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро фаро меги-ранд, роҳандозӣ шуда, дар мувофиқаи ҷонибҳо боз наздик ба 10 санади нави ҳамкорӣ қарор дорад, ки ҳамкории ду давлатро дар самти рафту омади шаҳрвандон, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва робитаҳои байни ниҳодҳои илмӣ пешбинӣ менамоянд.
Дар мулоқот, ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи Афғонистон, ҳифзи сарҳади байнидавлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мух-аддир баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2016 №: 205 Мутолиа карданд: 9795