мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон
бо Низор Маданӣ ва Амр Мӯсо
15 июл дар мулоқоти Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии Арабистони Саудӣ оид ба корҳои хориҷӣ доктор Низор Маданӣ масъалаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Арабистони Саудӣ барои дастгирии иқдоми Тоҷикистон оид ба гузарондани ҷаласаи навбатии (соли 2010) Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.
Ҳар ду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Дабири кулли анҷумани кишварҳои Араб Амр Мӯсо мулоқот намуда, оид ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи минтақавӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Зимни сӯҳбат таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили вобаста ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти кишварҳои рӯ ба рушди мусулмонӣ зоҳир шуд.
Шанбе, 18 июли соли 2009. № 90 (21 597). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2053