номаҳо
МАН РОЗИАМ
АЗ БОБИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ
Ҳар гоҳ, ки аз боби соҳибистиқлоливу рушди кишвар сухан равад, маро беихтиёр ҳиссиёту ҳаяҷони гуворое фаро мегирад. Воқеан ҳам, баъд аз истиқлолият дар ҳама соҳаҳои кишвар рушду пешрафт ба назар мерасад. Шоҳиди ҳолем, ки қаблан беморхонаву дармонгоҳҳои кишвар чи вазъеро доштанд. Имрӯз ҷиҳати дармонбахшии мардум беморхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беҳтарин табибон ба эҳтиёҷмандону беморон дармон мебахшанду бобати пешгирии бемориҳо маслиҳатҳои судбахш медиҳанд.
Чанде пеш дар шуъбаи таваллудхонаи Маркази тиббии ба номи А. Карими шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи 1 – уми Совет, бо кумаку мадади табибон соҳиби писарчаи дӯстрӯву солим шудам, ки шодиамро ҳадду канор набуд. Бештар аз ҳама маро муомилаву муносибати табибону дигар кормандони ин марказ хуш омад. Маҳз чунин дилгармиву муносибати табибон нисбат ба беморон аст, ки кас худро хушҳолу болидарӯҳ ҳис мекунад.
Маркази тиббӣ ободу тозаву озода аст. Дар ин ҳама ободкориҳо саҳми роҳбарияти марказ зиёд аст. Тавассути рӯзномаи дӯстдоштаам “Ҷумҳурият” арзи эҳтирому миннатдории худро ба табибон ва коргарони дигари марказ мехоҳам бирасонам.
Садбарг ШАРИФОВА,
сокини шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2016 №: 208 Мутолиа карданд: 9770