logo

номаҳо

ХОБГОҲ. ГӮЕМ Ё НАГӮЕМ?

Хобгоҳи рақами № 6 - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беҳтарин шароитҳоро барои будубоши донишҷӯёни ниёзманд дорад. Бинои он низ нав аст, ки ҳамагӣ чанд сол  пеш мавриди истифода қарор додаанд.
Ду соле, ки дар ин ҷо зиндагӣ кардам, аз ҳама ҷиҳат таҳсиламро осон намуд. Муҳимтар аз ҳама ба донишгоҳ  хеле наздик аст, ки мушкили равуои ҳар яки моро аз байн мебарад. Мушкил на сари хобгоҳ, балки аз муошират ва рафтори ҷавонписарони муқими он меравад. Аксаран бачаҳои ба қавли худашон «шӯх» дар хобгоҳ ба сар мебаранд, ки аз одоби муошират ва умуман маданияти шаҳрнишинӣ фарсахҳо дуранд.  Қариб  ҳар рӯз бо дасти ин гурӯҳи худписанд амалҳое рух медиҳанд, ки мо – духтаронро  ҳаросон кардааст. Доимо баробари аз хобгоҳ баромаданам дар ташвишам. Вақте аз назди бинои хобгоҳ мегузарам, ба болоям об мепошанд, ҳар гуна ифлосиҳоро мепартоянд. Ҳатто кӣ буданашонро пай барӣ  ҳам, қоил  намешаванд. Боиси нигаронӣ аст, ки сафи чунин ҷавонони «шӯх» бо вуҷуди назорати масъулони донишгоҳ коҳиш наёфта, баръакс зиёд мешавад. Чӣ бояд кард? Насиҳат? Не, гӯш  намекунанд. Пас чӣ кор кунем, аз хобгоҳ баромада ба куҷо равем? Ин саволҳоест, ки дар сари якояки духтарони ин даргоҳ доимо чарх мезанад. Дигаронро намедонам, ман имрӯз ба хулосае омадам, ки аз хобгоҳ равам. Дар аввал падару модарам ба ин тасмими ман  розӣ  нашуданд. Вазъияти бади молӣ, боз духтар ҳастӣ  гуфта,  дилашон дар ҳарос  буд.  Вале… Воқеан,  ман  аввалин духтаре  нестам, ки аз ноилоҷӣ тарки хобгоҳи мазкур мекунам.
Бо истифода аз гӯшаи  дӯстдоштаам «Шаҳрванд» мехоҳам аз тамоми ҷавонписарони хобгоҳи № 6 бори дигар хоҳиш намоям, ки дар муносибат бо ҷавондухтарон одобу маданиятро нигаҳ доранд. Як ҷавони аз одоб дур метавонад на танҳо номи хобгоҳ, балки нуфузи донишгоҳро  низ коста гардонад. Гузашта аз ин, духтарон маҳз бо назардошти он, ки ниёзманданд, дар хобгоҳ сукунат ихтиёр намудаанд. Яъне  шумо на танҳо ба онҳо халал нарасонед, балки бояд дар рафъи баъзе аз мушкилоти ҷузъӣ мададгорашон бошед. Яқин аст, ки шумо ҳам дар хона модару  хоҳар доред.
Ва низ масъулони донишгоҳро зарур  аст, ки ба ин масъалаи дар нигоҳи аввал  муқаррарӣ, вале дар асл хеле муҳим таваҷҷуҳи бештар дошта  бошанд. Ба андешаи шахсии ман  обрӯи  хобгоҳ  обрӯи донишгоҳ низ ҳаст. Ҳамин тавр не?
Розиямоҳ МИРЗОЗОД,
донишҷӯи курси дуюми факултети журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 9760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед