мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КАРИМ МАСИМОВ
24 октябр дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба иштироки муштарак дар таъмини амнияту субот дар қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа, инчунин тақвияти иқтидору имкониятҳои неруҳои марзбонӣ табодули афкор намуданд.
Доир ба ҳамдастии муштарак дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимати густурда ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуда, зарурати таҳкими равобити дуҷониба барои таъмини сартосарии амнияти миллӣ ва густариши ҳамкории байни хадамоти махсуси амниятии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.2016 №: 212 Мутолиа карданд: 8956