номаҳо
ТИФЛАКАМ БИДУНИ ҶАРРОҲӢ ШИФО ЁФТ
Соле қабл духтарчаи даҳсолаам ба бемории каҷшавии устухон гирифтор гардид ва барои табобати ӯ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудем, аммо дигаргуние дар вазъи тандурустиаш ба чашм нарасид.
Ин ҳолат баъди саргардониҳои зиёд басо ноумедамон сохт. Аз тақдири ояндаи ӯ меандешидему ғамгин мегаштем. Мегуфтем: наход ин дард умре ӯро бистарӣ намояд?
Бо тавсияи наздиконамон барои муолиҷа ӯро ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бурдем. Баъди ташхис духтурон тавсия доданд, то фарзандамро дар беморхона бихобонем. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали баъди бистарӣ намудан дар вазъи саломатии ӯ беҳбудӣ дида мешуд. Инчунин, муносибати хуби духтурон ва меҳру шафқати мутахассисон, бовариамонро ба пурра шифо ёфтанаш зиёдтар намуд. Шароитҳоеро, ки муассисаи мазкур барои беморон муҳайё намудааст, шоёни таҳсин мебошад. Дар ҳуҷраи алоҳида, ки дорои ду кат буд, ман ва духтарчаамро ҷой доданд. Ҳуҷраи мазкур бо тамоми ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз буд. Хуллас, баъди 10 рӯзи табобат кӯдакам бе ҷарроҳӣ, ки баъзе мутахассисони соҳа анҷом додани онро тавсия дода буданд, шифо ёфт. Бо истифода аз гӯшаи “Шаҳрванд” мехоҳам миннатдории худро ба директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Каримхон Қурбонов ва духтури табобатии фарзандам Баҳриддин Самиев баён намоям.
Савриниссо ВОҲИДОВА,
сокини ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2016 №: 213 Мутолиа карданд: 9288