logo

сафарҳо

Ташрифи Президенти Тоҷикистон аз Шарм-уш-Шайх ба Маскав

Чи тавре ки «Ҷумҳурият» 18 июл иттилоъ дода буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 13 то 17 июл баҳри иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва доир намудани мулоқотҳои муҳими дуҷониба дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дошт.

Хотиррасон бояд кард, ки Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ баъд аз Созмони Милали Муттаҳид дувумин созмони калонтарини ҷаҳон аст ва Тоҷикистон дар он ба ҳайси давлати нозир шомил мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши бузург суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи иштирокдорони онро ба ҳаллу фасли мушкилоти мубрами ҷаҳонию  минтақавӣ ва   ҳамгироию ҳамкории наздик баҳри коҳиш додани пайомадҳои шадиди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда ҷалб намуд.
Дар ҳошияи ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои бонуфуз мулоқотҳои муҳим анҷом дод.
Дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии  Сингапур Ҷорҷ Ео Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили ташкил ва густариши ҳамкории барои ҳар ду кишвар судмандро  баррасӣ намуд.
Таъкид гардид, ки эҷоди заминаи  қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории гуногунсоҳа  бояд аз иқдомҳои аввал дар эъмори муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои пайвастаи ду давлат бошад.
Барои ба имзо расондани як зумра санадҳои заминавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва доир ба туризм ташкили музокироти  байнидавлатии Тоҷикистону Сингапур дар сатҳи олӣ зарур шумурда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Зимни сӯҳбат бо вазири корҳои хориҷии  Индонезия Ҳасан Вираҷуда Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари давлатии худ ба Индонезия, ки  моҳи октябри соли 2003 ҷараён гирифта буд ва дар заминаи он густариш додани муносибатҳои барои ҳар ду кишвар судбахш баррасӣ ёфтанд.
Баҳри такон додани ҳамкориҳо ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши муносибатҳо дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ сурат гирифт.
Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳо оид ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва созандагию бунёдкорӣ дар Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Субҳи 17 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ботаникии шаҳри Шарм – уш – Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ба нишони таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду мардуми бостонию соҳибфарҳанг якчанд навниҳоли дар Тоҷикистон парваришёфта шинонд.
Дар  ин  ҷо Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Синои Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳонӣ Мутаваллӣ ва раиси шаҳри  Шарм – уш – Шайх Аҳмад Солеҳ ҳамроҳӣ намуданд.
Чанд навъи навниҳоли дарахтони мисрӣ барои шинондан дар  Тоҷикистон ба ҳайати кишвари мо тақдим шуд.
Зимни  сӯҳбат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони  вилояти Синою шаҳри  Шарм – уш – Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ба ташкил ва густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Миср изҳори ҳавасмандӣ карданд.
 17 июли соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок ва суханронӣ дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Ҳаракати адами тааҳҳуд ва ҳамчунин баъди анҷом додани вохӯриву сӯҳбатҳои дуҷониба бо сарон ва намояндагони воломақоми  як қатор кишварҳо аз шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафар кард.
Дар  ин  сафар  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2210
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед