порлумон
ЛОИҲАИ ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ. "ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ҚАБУЛ ШУД
Дар доираи таҳаввулоти ахири конститутсионӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» - ро таҳия ва дар ҷаласаи навбатӣ, ки 26 октябр доир гашт, якдилона қабул намуданд.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳадафи таҳия ва қабули ин санадро мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 65) арзёбӣ намуд. Ба таъкиди Раиси Маҷлиси намояндагон лоиҳаи мазкур дар тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бонизоми кишвар мусоидат менамояд.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» - ро Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, дар порлумони кишвар муаррифӣ кард. Номбурда изҳор дошт, ки «ин тарҳ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ҳайати муаллифони лоиҳаи қонун барои такмил, рушду инкишоф додани ниҳодҳои ҳуқуқии Қонуни конститутсионӣ як қатор муқарраротро дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ворид намуданд. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз сарсухан ва 19 модда иборат аст. Дар сарсухани лоиҳаи қонун дар бораи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат ҳамчун барпокунанда ва бунёдкунандаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинохта шудааст».
Эмомалӣ Насриддинзода табдил шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» -ро ба қонуни конститутсионӣ, пешбинӣ гардидани баъзе имтиёзҳо ба Пешвои миллат, барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои мақомоти дар қонуни конститутсионӣ пешбинишуда ҷудо намудани ҷойи махсуси ифтихорӣ бо таъмини таҷҳизоти зарурӣ, ташкил ва ба роҳ мондани Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созанда ва хайр аз ҷумлаи афзалиятҳои ҳуқуқии лоиҳаи мавриди назар донист. Ба бовари ин вакили Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» метавонад дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи патриотизм, садоқат ба мардум ва давлат саҳми беназир дошта бошад.
Таъкид шуд, ки ин тарҳ дар заминаи принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла волоияти Конститутсия, қонуният, моҳияти демократии ҳуқуқэҷодкунӣ, касбият, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, истифодаи таҷрибаи ҳуқуқӣ, таъминоти иҷтимоӣ таҳия шуда, ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Зимни баррасии лоиҳа дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ изҳор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштааст. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
Вакилон бо зикри ин матлаб бори дигар таъкид намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.10.2016 №: 214 Мутолиа карданд: 9636