logo

номаҳо

АЗ "ҶУМҲУРИЯТ" МИННАТДОРАМ

Ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» нома ирсол кардам. Дар он сухан аз миқдори маблағи ҷамъоварда барои барқарорсозии қубурҳои пайвастшавандаи таҳхонаи бино мерафт. Зикр карда будам, ки нархи он дар забонҳо зуд – зуд тағйир меёфт  ва ин моро ба шубҳа гирифтор менамуд. Оқибат барои анҷоми ин кор аз ҳар хона 380  сомонӣ ҷамъ оварданд. Ҳол он ки барои ҷамъоварии ин миқдор маблағ ягон далелу ҳуҷҷат вуҷуд надошт.
 Ба ҷуз ин ёдовар шуда будам, ки хонаҳои дигар барои иҷрои чунин корҳо нисбат ба мо камтар маблағ ҷамъ оварда, ва масолеҳи заруриро харидаанд, албатта, бо иштироки намояндагон.
Ҷойи нигаронӣ бештар аз он буд, ки гӯё ҳамаи пулҳо барои барқарор ва васлу насб намудани қубурҳо ба пуррагӣ сарф гардидаанд,  агарчи ба ҷойи қубурҳои қутраш 20 аз қубурҳои қутраш 15 истифода намудаанд.
Пас аз нашри номаам бо номи «Як масъала. Кӣ дар ҳалли он кумак мекунад?» («Ҷумҳурият», 25.10.2016 с.) кор тамоман ранги дигар гирифт, ба маънии мусбаташ. Ба ҳар соҳиби хона 100 сомонияш баргардонда шуд. Гурӯҳи махсуси назоратӣ омада, ба рафти анҷоми корҳо ошно гардиданд. Фикр мекунам, ки пас аз он кор дар бинои хонаи мо ба маҷрои худ медарояд, яъне дарҳамбарҳамӣ аз байн меравад ва масъулон минбаъд низ назоратро пурзӯр мекунанд. Аммо, аз рӯи шунидам ин масъала бо мураккабиҳои худ дар дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ вуҷуд дорад, ки ҳалли дуруст ва саривақтии худро хоҳон мебошад.
Ҳамин тавр, ба воситаи рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҷумҳурият» таъсири сухани чопиро бад – ин зудӣ дидаму бисёр шод гаштам. Бо истифода аз мавриди муносиб ба аҳли эҷоди рӯзнома, ки онро ҷолибу хонданӣ ва таъсирпазир намудаанд, изҳори сипос менамоям.
Н. МИРХОҶАЕВ, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 9230
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед