мулоқотҳо
ЧЭН ГОПИН ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопинро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ, мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши амният баррасӣ карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба вазъи муносибатҳои шарикию стратегии ду кишвар, ки соли 2017 аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, баҳои арзанда дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистону Чинро муносибатҳои анъанавию таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва он ба таври матлуб ба ман-фиати мамлакатҳо давра ба давра рушду густариш меёбад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Масъалаи таъмини амният ва вазъи муътадил дар минтақа барои амалишавии барномаҳои байни-давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳанд, ҳамчун омили муҳим маъни-дод карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои пурзӯр кардани муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2016 №: 216 Мутолиа карданд: 8664