порлумон
АМНИЯТ. ТАНҲО ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД КОРМАНДИ ИН МАҚОМОТ БОШАД
Бар пояи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд шахсе корманди мақомоти амнияти миллӣ шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва забони давлатиро донад.
Тарҳи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати адлия дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз сӯи порлумони кишвар баррасӣ ва қабул гардид, ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба муқаррар намудани маҳдудият нисбат ба хизмати давлатӣ, бинобар доштани шаҳрванди хориҷӣ равона шудааст. «Иловаҳои пешниҳодгардида аз лиҳози таъмини манфиатҳои миллӣ ва пешгирии хавфи дастрас гардидани маълумоти сирри давлатидошта ё дигар иттилое, ки метавонад бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шавад, ба мақсад мувофиқ аст». Ба таъкиди Мансурҷон Умаров, ин тағйирот мазмун ва моҳияти қонунро дигар накарда, истилоҳот дар он ба талаботи фарҳанги имлои забони тоҷикӣ мутобиқ карда шуд.
Ҳадафи дигар аз таҳия ва қабули лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба таҳаввулоти ахири конститутсионӣ арзёбӣ шуда, ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2016 №: 220 Мутолиа карданд: 9875