порлумон
ҲАВОНАВАРДӢ. ҲАМКОРИҲО БО ХИТОЙ ТАВСЕА МЕЁБАНД
Вакилони порлумон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки рӯзи 2 ноябр баргузор гардид, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳавопаймоии гражданиро ба тасвиб расонданд.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни шарҳи ҷузъиёти созишномаи мазкур изҳор дошт, ки тасвиби ин ҳуҷҷат ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти ҳавонавардии гражданӣ мусоидат менамояд. Зикр шуд, ки созишномаи мавриди назар рушди иқтисодиёту сайёҳӣ дар мамлакатро тақвият бахшида, ҳамзамон ҷуғрофияи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро васеъ ва барои ҳифзи манфиатҳои мамлакат дар бозори хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ заминаи хуб фароҳам меорад.
Бино ба иттилои вазир, феълан байни Тоҷикистону Хитой аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон-Эйр», «Тоҷик-Эйр» ва ширкати ҳавонавардии Чин ҳафтае ҳашт парвоз анҷом мешавад. Ин парвозҳо дар хатсайри Душанбе - Урумчӣ, Урумчӣ-Душанбе ва Хуҷанд – Урумчӣ, Урумчӣ- Хуҷанд сурат гирифта, карор аст, дар пайи тасдиқи созишнома аз сӯи порлумони кишвар хатсайри нав миёни Душанбе - Пекин низ ифтитоҳ шавад.
Дар ҷараёни баррасии созишнома вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин оид ба мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳавонавардӣ, аз ҷумла сатҳи хизматрасонӣ, одоби муоширати кормандони фурудгоҳ, вазъи молиявию парки техникии «Тоҷик-Эйр», гаронии нархи чиптаҳо, бенизомӣ ва таъхир дар парвозҳои дохилӣ суол карданд. Шералӣ Ганҷалзода, дар посух ба пурсиши вакилон мавҷуд будани камбудиҳо дар ин бахшро эътироф намуда, итминон дод, ки мутахассисони Вазорати нақлиёти кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута вазъ ва мушкилоти соҳаи ҳавонавардии кишвар, аз ҷумла арзиши чиптаи ҳавопайморо мавриди омӯзиш қарор дода, барои бартараф кардани он тадбирҳои самарабахш меандешанд.
Айни ҳол, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардии гражданӣ бо 22 кишвари хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.11.2016 №: 220 Мутолиа карданд: 9773