номаҳо
НОМГУЗОРӢ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБ НОГУЗИР АСТ
Хуб аст, ки солҳои охир тарзи навишти ному насабҳо тоҷикӣ шудаанду мешаванд. Боиси ифтихори ҳар яки мо аст, ки ба асли хеш бармегардем. Дар иҷрои ин кори нек Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус зоҳир намуданд. Ташаббуси мазкур, воқеан, ташаббуси таърихӣ ва дар айни ҳол барои миллат бисёр зарур буд. Дар як муддати кӯтоҳ навишти бисёр ному насабҳои шаҳрвандон тоҷикӣ шуданд. Аммо ҷойи таассуф аст, ки навишти онҳо якхела, аз рӯи қоидаву тартиботи муайян нест. Кори мо – омӯзгоронро он душвор менамояд. Дар журнали синфӣ навиштани тарзҳои гуногуни ному насабҳои хонандагон як берабтиро ба вуҷуд меорад. Тартиби алифбоӣ низ меъёрҳои худро дар ин маврид гум мекунад. Барои мисол чанд тарзи навишти ному насабро меорам:
Абдулло Назрулло
Саидзода Саиди Саид
Шарифова Шарофат Шарафовна
Назираи Назир
Назирмад Назарзода
Салим Салимӣ
Расулзода Расул Расулӣ
Сӣ ва ҳам гоҳҳо беш аз он ному насаби хонандагонро бояд омӯзгор дар журнали синф бо тартиби алифбо ҷой бидиҳад ва ба ҳар дарс ба онҳо ба шакли навишташуда муроҷиат бинамояд. Тавре рӯшан бармеояд, ин кори осон нест. Ба яке агар Саидзода Саид гуфта муроҷиат бикунем, дигареро бояд Назир Назира бигӯем. Хонандаи сеюм мехоҳад, ки номи ӯро Расул Расулӣ бар забон бигирем, на Расулзода Расул. Ман вазифадорам, ки аз рӯи талаботи мавҷуда ба ҷойи Абдулло Назрулло акси он, яъне Назрулло Абдулло бинависам. Навишту талаффузи Шарифова Шарофат Шарафовна барои насли наврас, хоса ҳамсинфон ҳолиё ғариб мебошад. Дар шиносномаҳои хориҷӣ ба ҳуруфоти англисӣ номи тоҷикии Саидзода Саиди Саид тағйир меёбад. Он ба тарзи Саидзода Саиди навишта мешавад. Яке аз хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи мо аз он шикоят намуд, ки дар хориҷи кишвар ӯро «Саидӣ», на Саид, ном мебурданд. Саъю кӯшишаш барои талаффузи дурусти номаш аз ҷониби хориҷиён ҳеҷ фоидае набахшидааст.
Ҳамин тавр, фикр мекунам, ки ин масъала бисёр ҷиддӣ маҳсуб мешавад ва ҳалли дурусти он ҳар чи зудтар ногузир мебошад. Яъне бояд шакли дуруст ва ягонаи навишти ному насаби тоҷикӣ ҷорӣ ва камбудиҳои мавҷуда рафъ бишаванд.
С. АВАЗОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2016 №: 222 Мутолиа карданд: 8293