барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ДОНАЛД ҶОН ТРАМП
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо бо камоли сарфарозӣ табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.
Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаи онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.
Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи ғанитару фарохтарро касб хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.
Ба Шумо сиҳатии комилу саодатмандӣ ва комгорӣ дар ин маснади олӣ, ба мардуми дӯсти Амрико пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2016 №: 223 Мутолиа карданд: 7907