қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод.176; с. 2004, №2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269; №8, мод. 828), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 1 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми чоруми моддаи 10 пас аз калимаҳои «шартномаи иҷора» калимаҳои «ва ё созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» илова карда шаванд.
3. Моддаи 141 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 141. Истифодаи қитъаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Қитъаи замин барои амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар асоси созишномаи шарикӣ ба муҳлати муайяннамудаи созишнома ба шарики хусусӣ бо назардошти муқаррароти моддаи 25 Кодекси мазкур дода мешавад.
Истифодаи қитъаи замин барои амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ бетағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин анҷом дода мешавад.
Муносибатҳои вобаста ба истифодаи қитъаи замин бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба танзим дароварда мешаванд.».
4. Дар моддаи 17:
- ба қисми якум банди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«в) созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баста шудаанд;»;
- банди «в)» банди «г)» ҳисобида шавад;
- қисми сеюм хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 20:
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад:
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар мавриди пеш аз муҳлат бекор гардидани созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ҷуброн кардани зиёне, ки вобаста ба беҳтар намудани ҳолати замин ба заминистифодабарандаи дуюмдараҷа расидааст, агар созишнома аз ҷониби заминистифодабарандаи дуюмдараҷа бекор нагардида бошад.».
6. Дар қисми якуми моддаи 37:
- дар банди з) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- банди и) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«и) пеш аз муҳлат қатъ гардидан ва ё ба анҷом расидани муҳлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1363
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 октябри соли 2016, № 590
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 297
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.11.2016 №: 227-228 Мутолиа карданд: 6804