маориф
Донишгоҳ ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад
10 октябр Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки имсол 831, аз ҷумла 49 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Ба курси якум 1097 нафар, аз ҷумла тибқи квотаи президентӣ 98 нафар дохил шуд. Боиси хурсандист, ки сол ба сол савияи дониши довталабон баланд мегардад. Имсол 45, 2 дарсади онҳо беш аз 150 хол гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 1,2 баробар зиёд аст.
Дар соли таҳсили 2007-2008 бори аввал дар курси якуми аксари факултаҳо имтиҳонҳо ба таври тестӣ гузаронида шуданд. Ташкили имтиҳонҳои тестӣ имконият медиҳад, ки вобастагии донишҷӯён аз имтиҳонгирандагон бартараф ва дараҷаи донишандӯзии онҳо баланд гардад. Ин яке аз омилҳои роҳ надодан ба падидаҳои номатлуб ва дар мӯҳлати кӯтоҳ гузаронидани имтиҳонҳост. Ба гуфти ректори донишгоҳ баъди гирифтани ёрии башардӯстона дар шакли таҷҳизоти таълимӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин проблемаи компютеркунонии ҷараёни таълим ҳалли худро ёфт. Имрӯз донишгоҳ дорои 631 компютер, 42 мултимедиа, 56 сканер ва 46 дастгоҳи нусхабардорист.
Убайдулло Қурбонов зикр кард, ки донишгоҳ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ дар хориҷи мамлакат аз рӯи ихтисосҳои ниҳоят зарурӣ, ба мисли табиби бемориҳои сил, анатомия ва физиологияи патологӣ, генетикаи тиббӣ, ташхиси лабораторӣ, омӯзиши ҳуҷайраҳои бунёдӣ, нашъамандӣ ва ғайра ниёз дорад.
Мавсуф иброз дошт, ки ташкили Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар сохтори донишгоҳ аз тарафи Вазорати тандурустӣ дастгирӣ ёфт ва соли оянда он ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ва ҳам маблағгузории донишгоҳ солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлат зиёд шуд, ҳамчунин маоши омӯзгорон ба ҳисоби миёна аз моҳи сентябри соли равон 81 дар сад афзуд.
Ректори донишгоҳ ба саволҳои хабарнигорон оид ба барқарорсозии бинои асосӣ баъди сӯхтор гуфт, ки он дар арафаи анҷомёбист ва аввали моҳи ноябр пурра ба истифода дода мешавад.
М. Сафар, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7683