қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 48; с. 2012, № 7, мод.706; с. 2015, № 12, қ.1, мод. 1116) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 5:
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Намунаи саноатӣ нав ҳисобида мешавад, агар маҷмӯи аломатҳои асосии дар тасвирҳои маҳсулот ифодаёфта аз маълумоте, ки то санаи аввалияти намунаи саноатӣ дар ҷаҳон дастраси умум гардидаанд, маълум набошад.»;
- ба қисми чорум пас аз калимаҳои «навии намунаи саноатӣ» калимаи «, инчунин» илова карда шуда, аз матни қисм калимаи «ҳамчунин» хориҷ карда шавад.
3. Қисми чоруми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Патент аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои гирифтани патент дар муддати панҷ сол амал мекунад. Мӯҳлати амали патент бо дархости дорандаи патент аз ҷониби Идораи патентӣ ду маротиба ба муддати панҷсолӣ тамдид карда мешавад.».
4. Дар моддаи 11:
- аз сархати сеюми қисми чорум калимаҳои «ки номгӯи аломатҳои асосии онро дар бар мегирад» хориҷ карда шаванд;
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ба намунаи саноатиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.».
5. Қисми дуюми моддаи 12 хориҷ карда шавад.
6. Аз қисми чоруми моддаи 18 калимаҳои «ба номгӯи аломатҳои асосӣ воридкардашавандаю» хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 19:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Экспертизаи моҳиятии ариза дар натиҷаи мусбат анҷом ёфтани экспертизаи расмӣ пас аз пардохти корбарии дахлдор гузаронида мешавад.»;
- қисми дуюм хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1371
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2016, № 551
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 305
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.11.2016 №: 227-228 Мутолиа карданд: 6704