қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АЛОҚАИ ПОЧТА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи алоқаи почта» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 8, мод. 462; с. 2004, № 5, мод.341; с. 2007, № 7, мод. 684; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 412, мод. 413) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаҳои «ҳуқуқие, ки», сархатҳои нуҳум ва дувоздаҳум пас аз калимаҳои «ҳуқуқӣ, ки» мувофиқан калимаҳои «дар асоси иҷозатнома» илова карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар номи Боби 2 калимаҳои «ВА ТАНЗИМ» ба калимаҳои «, ТАНЗИМ ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 9:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- додани иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи почта;»;
- дар сархати чорум калимаҳои «ва санадҳои меъёрӣ» ба калимаҳои «, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои шарту талаботи иҷозатномаи додашуда» иваз карда шаванд.
5. Моддаи 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 11. Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи почта
Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи почта тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.».
6. Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 14 пас аз калимаҳои «дар асоси» калимаҳои «иҷозатнома ва» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1370
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2016, № 549
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 304
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.11.2016 №: 227-228 Мутолиа карданд: 6639