logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, 890; с. 2015, № 3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, № 3, мод. 150), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 1 моддаи 2, зербанди в) банди 23 моддаи 17, сархати якуми қисми 1 моддаи 90 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
 2. Аз сархати ҳаштуми қисми 2 моддаи 6, қисми 2 моддаи 29, сархати нуҳуми қисми 4 моддаи 169, қисми 8 моддаи 183, номҳои фасли XIV ва боби 38, банди 1 қисми 1 ва қисми 2 моддаи 255, қисми 6 моддаи 260, қисми 2 моддаи 290 ва қисми 2 моддаи 293 калимаҳои «нахи пахта ва» ва «НАХИ ПАХТА ВА» хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 24:
- дар сархати панҷуми қисми 9 рақами «30» ба рақами «15» иваз карда шавад;
- қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«10. Дар ҳолате, ки аз ҷониби андозсупоранда асосҳои кофӣ пешниҳод нашуда бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ фарқияти нархҳои фурӯши (бегонакунии) молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) аз нархҳои харид ё нархҳои гумрукии воридоти онҳо на кам аз 5 фоиз қабул карда мешавад.»;
- қисмҳои 10 ва 11 мувофиқан қисмҳои 11 ва 12 ҳисобида шаванд.
4. Ба қисми 10 моддаи 29 пас аз калимаҳои «такрории маҷмӯӣ» калимаҳои «ва мавзӯӣ» илова карда шаванд.
5. Дар қисми 4 моддаи 38 пас аз калимаҳои «мебошанд, ки» калимаҳои «интиқоли электронии маълумотро таъмин намуда,» илова карда шуда, калимаҳои «Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми» ба калимаи «Мақоми» иваз карда шаванд.
6. Матни моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Иҷрои талаботи қонунгузории андоз оид ба баҳисобгирии объектҳои андоз, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, супорандагон, ҳисоби дуруст, пурра ситонидан ва саривақт ба буҷет гузаронидани андозҳо (боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ), ҷаримаҳо ва фоизҳои вобаста ба онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор таҳти назорати мақоми ваколатдори давлатӣ қарор дода мешавад.».
7. Дар моддаи 45:
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «нишон дода шаванд» калимаҳои «, агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дар огоҳиномаи электронии мақомоти андоз ба андозсупоранда, ки ба суроғаи электронии он илова ба огоҳинома дар шакли коғазӣ фиристода мешавад, бояд рақами мушаххаси андозсупоранда, номи мақомоти андоз, санаи огоҳкунӣ ва матни огоҳинома нишон дода шавад.»;
 - қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
8. Ба қисми 2 моддаи 47 пас аз калимаи «баҳисобгириро» калимаҳои «ба забони давлатӣ» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 65:
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«5. Маблағи ӯҳдадориҳои андози ҳисобшуда, ки барои иҷрои онҳо амалӣ намудани шартҳои махсус зарур мебошад, дар давраи амали чунин шартҳои махсус ҳамчун қарзҳои андози мушкилситон дониста шуда, дар мақомоти андози дахлдор алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад. Шартҳои махсус барои иҷрои чунин ӯҳдадориҳои андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.»;
- қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
10. Дар қисми 4 моддаи 66 калимаи «ва» ба аломати вергул «,» иваз карда, пас аз калимаҳои «пардохти андозҳо» калимаҳои «ва иҷрои қисми 5 моддаи 65 Кодекси мазкур» илова карда шаванд.
11. Дар қисми 1 моддаи 75 калимаҳои «андози дар мӯҳлаташ иҷронашуда нисбат ба қарзи андози андозсупоранда, ки дар қисми 2 моддаи 72 Кодекси мазкур муқаррар шудааст» ба калимаҳои «андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 8 моддаи 65 Кодекси мазкур ё қарзҳои муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 72 Кодекси мазкур» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 78:
- аз сархати дуюм калимаҳои «ва ҳолатҳои дигаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад» хориҷ карда шуда, матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода мешавад, ки дар ҳолатҳои алоҳида қарзҳои андоз, ҷарима ва фоизҳои андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд.».
13. Ба сархати сеюми қисми 1 моддаи 111 пас аз калимаҳои «ва васли онҳо» калимаҳои «(аз ҷумла хароҷоти фарқияти манфии қурби асъор ва фоизҳои қарзӣ)» илова карда шаванд.
14. Дар қисми 1 моддаи 126 калимаҳои «ба истиснои суди саҳмияҳое, ки ба корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ надошта» ба калимаҳои «ба истиснои суди саҳмияҳои (пардохтҳои ғайриандозии) корхонаҳое, ки тибқи санади меъёрии ҳуқуқии дигар аз фоидаи соф ба буҷети давлатӣ пардохт шуда, андозбандӣ мегардад,» иваз карда шаванд.
15. Ба қисми 2 моддаи 127 пас аз калимаҳои «қарзии резидентӣ,» калимаҳои «мақомоти молия,» илова карда шаванд.
16. Ба қисми 1 моддаи 128 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Инчунин бо тартиби мазкур андозбандии даромадҳои ғайрирезидент аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Кодекси мазкур ба муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут буда, сари вақт анҷом наёфта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз пешниҳод нашудааст, дар манбаи пардохт амалӣ карда мешавад.».
17. Аз сархати якуми қисми 3 моддаи 157 калимаҳои «, ки ба коэффитсенти 1,1 зиёд карда шудааст» хориҷ карда шаванд.
18. Дар қисми 2 моддаи 160 калимаҳои «соли тақвимие, ки баъди соли тақвимии» ба калимаҳои «давраи ҳисоботие, ки баъди давраи» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 161:
 - қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Шахси машғули фаъолияти соҳибкорӣ, ки даромади умумиаш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ аз ҳадди даромади як миллион сомонӣ зиёд шудааст, ӯҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ гузарад ва ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда якҷоя бо ариза барои гузаштан ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ ариза диҳад. Ҳадди даромад барои бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, татбиқ намегардад ва шахсони мазкур ӯҳдадоранд на дертар аз 15 рӯзи тақвимӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аризаро пешниҳод намоянд.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «солонаи ғайрирезидент» ба калимаҳои «ғайрирезидент дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, аз санаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд бо мақсади бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ариза диҳанд.».
20. Дар қисми 2 моддаи 161, сархати якуми қисми 1 моддаи 163, қисми 1 моддаи 289 ва қисми 2 моддаи 290 рақам ва калимаҳои «500 ҳазор сомонӣ» ба калимаҳои «як миллион сомонӣ» иваз карда шаванд. 
21. Сархатҳои якум ва дуюми қисми 6 моддаи 162 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ҳангоми бақайдгирии ҳатмӣ вобаста ба ҳаҷми даромади умумӣ - аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз ҳадди даромад зиёд шудааст;
- шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, - аз санаи бақайдгирии давлатӣ;».
22. Дар моддаи 163:
- дар қисми 1:
- дар сархати якум калимаҳои «соли гузаштаи тақвимӣ» ба калимаҳои «12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «3 соли тақвимӣ» ба калимаҳои «36 моҳи тақвимӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «1-уми январи соли тақвимӣ» ба калимаҳои «рӯзи якуми давраи андозбандӣ, ки баъди давраи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани ариза барои бекор кардани бақайдгирӣ фаро мерасад,» иваз карда шаванд.
23. Ба моддаи 166 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Арзиши амалиёти андозбандишавандаи молҳои воридшуда наметавонад аз арзиши воридоти андозбандишаванда кам бошад. Ҳангоми вуҷуд доштани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда, чунин фарқияти манфӣ барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад.».
24. Дар сархати даҳуми қисми 4 моддаи 169 пас аз калимаи «инчунин» калимаҳои «арзиши хизматрасонии таъмир ва» илова карда шаванд.
25. Дар қисми 2 моддаи 181 калимаҳои «То 1-уми январи соли 2016 ҳамаи муомилоти андозбандишавандаи корхонаҳои соҳаи хӯроки умумӣ, корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш, корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои таълимӣ» ба калимаҳои «Аз 1 январи соли 2017 то 31 декабри соли 2018 амалиёти андозбандишаванда вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ, расонидани хизматҳои хӯроки умумӣ ва таълимӣ» иваз карда шаванд.
26. Дар моддаи 186:
 - аз қисми 1 калимаҳои «(ба истиснои супорандагони андози аксиз, ки супорандагони андоз аз арзиши иловашуда намебошанд)» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати шашуми қисми 2 калимаи «молҳои» ба калимаҳои «молҳо ва хизматрасониҳои» иваз карда шавад;
- қисмҳои 3, 4 ва 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«3. Ҳисобнома-фактура дар шакли электронӣ тартиб дода шуда (навишта шуда), ба гиранда (харидор, фармоишгар)-и молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) - супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ ва ба шахсони дигар, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд (ба истиснои фурӯши чакана), ҳисобнома-фактураи содда дар шакли электронӣ ва нусхаи чопии он дода мешавад.
4. Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳои гирифташуда танҳо аз ҷониби шахсоне, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда замима карда шаванд.
5. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ тартибдодашуда (навишташуда) дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои навишташудаи андозсупоранда ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ гирифташуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои гирифташудаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешаванд. Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ навишташуда ва гирифташуда дар ҳуҷҷатҳои муҳосибавии андозсупоранда нигоҳ дошта мешаванд.»; 
- қисмҳои 6 ва 9 хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 7 калима ва рақамҳои «қисмҳои 5 ва 6» ба калима ва рақами «қисми 5» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Китобҳои дар боло зикргардида аз ҷониби андозсупоранда дар ҳомилҳои электронӣ ва коғазӣ пеш бурда мешаванд.»;
қисми 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«8. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо (аз ҷумла, ҳисобнома - фактураи содда) дорои силсила ва рақами дахлдор буда, аз ҷониби андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ тартиб дода (навишта) мешавад.»;
- дар қисми 10 калимаҳои «роҳбар ва (ё) сармуҳосиби таҳвилгар ё дигар шахсони» ба калимаҳои «электронии шахсӣ» иваз карда шаванд;
 - аз қисми 11 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд; 
- ба сархати якуми қисми 14 пас аз калимаҳои «хизматрасониҳои коммуналӣ» калимаҳои «ба аҳолӣ (аз ҷумла таҳвили неруи барқ, неруи гармӣ, об, гази табиӣ ва дигар хизматрасониҳо)» илова карда шаванд;
- қисми 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«15. Ҳангоми таҳвили чаканаи молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо ба харидорони ниҳоие, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда нестанд, бар ивази ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо расид (квитансия) (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути ташкилоти қарзӣ) ё чиптаи мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд) дода мешавад. Барои мақсадҳои қисми мазкур фурӯши чакана ҳамчун таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ бо нархи бозорӣ дониста мешавад, ки барои истифодаи шахсӣ, манзилӣ ё истеъмолӣ таъин гардидааст.»;
- қисмҳои 7, 8, 10, 11, 12, 13, 14, 15 ва 16 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13 ва 14 ҳисобида шаванд.
27. Аз қисми 2 моддаи 189 ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад.
28. Қисми 1 моддаи 211 матни модда ҳисобида шуда, қисми 2 хориҷ карда шавад.
29. Ба сархати дуюми қисми 4 моддаи 220 пас аз калимаҳои «хоҷагидории худ» калимаҳои «ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ» илова карда шаванд.
30. Дар қисми 3 моддаи 221 калимаи «3-каратаи» ба калимаи «2-каратаи» иваз карда шавад.
31. Аз қисми 1 моддаи 258 калимаҳои «ва ассотсиатсияи пахтаи Ливерпул» хориҷ карда шаванд.
32. Қисми 1 моддаи 259 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Меъёри андоз аз фурӯш барои алюминийи аввалия нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 258 Кодекси мазкур ба андозаи 3 фоиз муқаррар карда мешавад.».
33. Аз моддаи 260 қисми 8 хориҷ карда шуда, қисми 9 қисми 8 ҳисобида шавад.
34. Дар ҷадвали қисми 1 моддаи 266 сатри дуюм хориҷ карда шуда, сатри сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 « Автомобилҳои сабукрав:
- то 250 қувваи асп 7,5
- аз 250 то 300 қувваи асп 10
- аз 300 то 350 қувваи асп 12
- зиёда аз 350 қувваи асп 15 ».
35. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 279 калима ва рақамҳои «қисмҳои 2 ва 3» ба калима ва рақами «қисми 2» иваз карда шаванд.
36. Дар моддаи 291: 
- ба қисми 2 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- фондҳои инвеститсионӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилоти суғуртавӣ ва қарзӣ, ташкилоти маблағгузории хурд, ломбардҳо, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, таҳвилкунандагони алюминийи аввалия, истеҳсолкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, ташкилоти миёнаравӣ (дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои миёнаравии дигар амалкунанда). Субъектҳои мазкур, ки низомҳои махсуси андозбандиро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд аз санаи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба низоми умумии андозбандӣ гузашта, ҳамчун супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд;»;
- аз қисми 3 калимаҳои «аз 1-уми январи соли тақвимӣ» хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои якум ва дуюми қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- агар аз рӯйи натиҷаҳои дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми умумии андоз аз ҳадди даромад кам бошад ва агар баъди гузариши охирон аз системаи соддакардашудаи андоз ба низоми умумии андоз 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад, андозсупорандаи мазкур ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ ба таври хаттӣ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашро оид ба ҳаҷми даромади худ хабардор созад ва доир ба гузариш ба андози низоми соддакардашуда ариза диҳад;
- агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи андози низоми соддакардашуда (бо дарназардошти даромадҳои дигаре, ки дар ҳолати истифодабарии низомҳои дигари андозбандӣ ба даст омадаанд) аз ҳадди даромад зиёд бошад, андозсупорандаи мазкур ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ бо тариқи хаттӣ мақомоти андози маҳали баҳисобгириашро оид ба ҳаҷми даромади умумии худ хабардор созад ва доир ба гузариш ба низоми умумии андоз ариза диҳад;»;
37. Дар моддаи 313: 
- ба қисми 7 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Бо ин мақсад ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ ваколат дода мешавад, ки бо қабули санади дахлдор имтиёзҳои додашударо қатъ намоянд.»;
- ба қисми 8 пас аз калимаҳои «навтаъсис баъд аз» калимаҳои «иҷрои талаботи қисми 5 моддаи мазкур ва» илова карда шаванд.
38. Аз қисми 1 моддаи 325 калимаҳои «андоз ва ӯҳдадориҳои агентӣ» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
1. Амали қисми 4 моддаи 115 то 31 декабри соли 2018 боздошта шавад. 
2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1367
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 октябри соли 2016, № 588
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 301


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 6857
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед