logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри     соли 2010 «Дар бораи байторӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 833; с. 2012, №7, мод. 704) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаи «рикетсияҳо» ба калимаи «риккетсияҳо» иваз карда шавад;
- сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- бехатарии биологӣ – низоми тадбирҳо ва воситаҳои байторию биологӣ, ташкилӣ ва муҳандисию техникӣ, ки барои ҳифзи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ, пешбинигардида, ҳайати кормандону пажӯҳишгарон, аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири ангезаҳои иллатзои биологӣ равона гардидаанд, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ;
- таҳдид – эҳтимолияти риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ;
- идоракунии таҳдид – тарзу усулҳои амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки барои муайян намудани услубҳои назорати огоҳкунии таҳдид имкон медиҳанд;
- арзёбии таҳдид – мунтазам муайян намудани афзалиятҳои идоракунии таҳдид тавассути арзёбӣ ва муқоисаи дараҷаи он бо стандартҳои қаблан дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ муқарраршуда; 
- огоҳкунӣ аз таҳдид – мубодилаи саривақтӣ ва мунтазами иттилооти объективӣ ва хулосаҳо оид ба хатар ва таҳдид, натиҷаҳои арзёбии таҳдидҳо, қарорҳои қабулгардида дар рафти идоракунии таҳдид байни баҳогузорони таҳдид ва шахсоне, ки барои идоракунии таҳдид ва истеъмолкунандагон масъул мебошанд;
- муҳофизати байторию биологӣ – татбиқи амалии принсипҳо ва услубҳои таъмини бехатарии биологӣ, ки барои ҳимояи кормандони соҳа аз таъсири манфии кор дар ташхисгоҳҳои байторӣ (клиникӣ ва пажӯҳишӣ) равона гардидааст;»;
- аз сархати понздаҳум калимаҳои «(беҳдошти байторӣ)» хориҷ карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Ба моддаи 3 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- тасдиқ намудани қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ;
- таҳия ва тасдиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдид;».
4. Ба моддаи 4 сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- таҳияи қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ; 
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдор;
- гузаронидани таҳлилҳо оид ба истифодаи дастовардҳои илмҳои биологӣ дар соҳаи байторӣ;
- татбиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдидҳо дар соҳаи байторӣ;».
5. Дар сархатҳои дуюм, шашум, бистуҳаштум, сиюҳафтум, сиюҳаштум, чилусеюм, панҷоҳуякум ва панҷоҳусеюми моддаи 1, сархатҳои чорум, панҷум, ва нуҳуми моддаи 3, дар ном, матн ва сархати сиючоруми моддаи 4, қисми 1 ва сархатҳои дуюм ва шашуми қисми 2 моддаи 5, қисми 6 моддаи 6, қисмҳои 2 ва 6 моддаи 17, қисми 1 моддаи 23, қисми 2 моддаи 29, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30, қисми 2 моддаи 36, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 38 ва қисми 1 моддаи 39 калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатии байторӣ», «мақомоти ваколатдори давлатӣ», «Мақомоти ваколатдори давлатии байторӣ», «мақомоти ваколатдори давлатии байтории» ва «Қонуни мазкур» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдор», «Мақоми ваколатдор» ва «мақоми ваколатдори» иваз карда шаванд.
6. Ба қисми 2 моддаи 5 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- таъмини муътадили арзёбӣ, идоракунӣ ва огоҳкунӣ аз таҳдид, назорати бартараф, ихтисор ва кам намудани таҳдид;
- таъмини талаботи бехатарии биологӣ дар соҳаи байторӣ тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.». 
7. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 7 пас аз калимаи «пешниҳодшавандаро» калимаҳои «дар асоси таҳлили таҳдид» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 10:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Стандартҳои байторӣ»;
- дар қисми 1 калимаҳои «Стандартҳои сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ)» ва «ҳуқуқии дар соҳаи байторӣ ба соҳибкорӣ машғул» мувофиқан ба калимаҳои «Стандартҳои байторӣ» ва «ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «стандартҳои ҷумҳуриявии сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ)» ба калимаҳои «стандартҳои байторӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Назорати риояи стандартҳои байторӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад.».
9. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 14 пас аз калимаи «далелҳо» калимаҳои «, натиҷаҳои таҳлили таҳдид» илова карда шаванд.
10. Қисми 4 моддаи 36 хориҷ карда шавад. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
     
Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1364
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» 
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 октябри соли 2016, № 592       

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 298


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 7450
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед