қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, № 12, мод. 683; с. 2004, № 7, мод. 455; с. 2005, № 3, мод. 127; с. 2008, № 3, мод. 190, № 12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, № 7, мод. 552, № 12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, № 6, мод. 443; с. 2012, № 4, мод. 255, №7, мод. 716, № 12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, № 7, мод. 507, № 12, мод. 880; с. 2015, № 11, мод. 951, мод. 952; с. 2016, № 3, мод. 129, № 5, мод. 358), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 1 моддаи 1 ва қисми 2 моддаи 181 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми 1 моддаи 75 пас аз калимаҳои «шаҳри Душанбе,» калимаҳои «прокурори нақлиёти Тоҷикистон» илова карда шаванд.
3. Ба қисми 5 моддаи 80 пас аз калимаҳои «сардори муассиса» калимаҳои «ва розигии прокурор» илова карда шаванд.
4. Ба қисми 5 моддаи 98 пас аз калимаҳои «рафтори ӯ» калимаҳои «бо розигии прокурор» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, №1360
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2016, № 541
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 294
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.11.2016 №: 227-228 Мутолиа карданд: 7691