logo

президент

Машварат дар ҳузури Сардори давлат

20 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор  машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва тезондани кишти такрорӣ, иҷрои буҷети давлатӣ, таъмини кори пурсамари корхонаҳои саноатӣ,  татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, омодагӣ ба зимистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Оид ба рафти корҳои созандагию ободонӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузориши Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Зикр гардид, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кории ҳукуматӣ бо  рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершумори шаҳру ноҳияҳои ин вилоят шиносоии бевосита  пайдо намуданд ва  баҳри босуръат ва сифати баланд анҷом додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешиданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷамъоварии беталаф ва саривақтии ҳосили фаровони ғалладона ва вусъати кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, таъмини иҷрои буҷети давлатӣ ва пардохти бетаъхири маошу нафақа ва кӯмакпулиҳо, омодагии ҷиддӣ ба зимистон ва дигар масъалаҳои баррасишуда ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла дастур дода шуд: дарави ғалладона ҳарчи зудтар анҷом дода , кишти такрорӣ тезонда шавад; омодагии ҷиддӣ ба зимистон таъмин гардад, аз ҷумла бо захираи фаровони ангишт, гази моеъ ва маводи ғизоӣ;  сохтмони нақби Шаршар, азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ - Панҷи Поён ва татбиқи ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад; кори пурмаҳсули корхонаҳои саноатӣ дар мавсими фаровонии нерӯи барқ дар 3 баст таъмин гардад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба гузаштан ба истифодаи чароғҳои каммасраф, захираи маводи сӯхт дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод.

Панҷшанбе, 23 июли  соли  2009. № 92 (21 599). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед