logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, шаҳри Душанбе, 23 ноябри соли 2016

Ҳамватанони азиз!
Ба ифтихори яке аз санаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ – Рӯзи парчами давлатӣ тамоми мардуми кишварро самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки таҳти парафшонии ин рамзу нишонаи бахту озодии халқамон, ваҳдату якдигарфаҳмии мардум ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони азизамон пойдору устувор бошад.
Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд. Ва, муҳимтар аз ҳама, қабули парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.
Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид.
Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад.
Мардуми шарифи кишвар таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон созам, ки корнамоиву заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинони Тоҷикистон дар тӯли бисту панҷ соли соҳибихтиёрӣ нишонаи равшани муҳаббати самимонаи онҳо ба марзу буми аҷдодӣ ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, сол аз сол боло рафтани эҳтироми хурду бузурги мамлакат ба Парчами давлатӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва ояндаи дурахшони Ватани аҷдодиамон мебошад.
Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад.  
Тавре ки ҳамватанони азизи мо огоҳанд, дар марҳалаи гузоштани пойдевори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ авзои сиёсии кишвар то ҳадде ноором буд, ки имкони қабули рамзҳои давлатӣ вуҷуд надошт ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо як сол бе Парчами давлатӣ монда буд.
Баъди қабули парчам миллати мо онро ҳамчун ливои озодиву истиқлол ва воситаи сарҷамъиву ба ҳам омадан ба даст гирифта, давлати ҷавони худро аз вартаи ҳалокат ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид. Яъне, дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз таҳия ва қабули парчам нишони азму иродаи устувори мардум барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ободии кишварамон гардид.
Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус насли ояндасози миллат, бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад. Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.
Мо дар зарфи бисту панҷ сол бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем. Ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард.
Ба ин маънӣ таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.
Итминони комил дорам, ки дар идомаи раванди созандагиву бунёдкорӣ, ҷиҳати татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ, боло бурдани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои нави созандагӣ, Парчами давлатӣ раҳнамову илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа хоҳад буд.
Бори дигар кулли сокинони кишварро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба хурду бузурги Тоҷикистон хонаи обод, тандурустиву хушбахтӣ ва дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон барори кор орзу менамоям.
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 14789
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед