энергетика
Корхонаҳои хусусӣ аз фаъолият
бозмонанд, онҳоро чӣ интизор аст?
Дар нимсолаи аввали соли 2009 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 5 миллиарду 906 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дар сад кам мебошад. Сабаби асосии коҳиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқро Маҳмадшариф Ҳақдодов, муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар худмаҳдудкунии истеҳсоли барқ бо мақсади зиёд кардани сатҳи обанбори Норак арзёбӣ кард.
Мавсуф дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар шаш моҳи соли 2009 Ширкати «Барқи тоҷик» аз ҶСК «Сангтӯда-1» ва хориҷи мамлакат ба миқдори 1792,44 миллион кВт/соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 65,98 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Дар ин давра нисбат ба шаш моҳи соли 2008 истеҳсоли молҳои саноати сабук 115,1, матои тайёри пахтагӣ 104,9, орд 103,9, истихроҷ ва коркарди намаки ошӣ 106,7, обҳои маъданӣ 119, маҳсулоти дӯзандагӣ 109,3, сӯзишвории дизелӣ 104,9, мазут 106,4 фоиз афзудааст.
Дар баробари дастовардҳо зикр шуд, ки маҷмӯи истеҳсолот 390,9 миллион сомонӣ кам гардид. А.Ҳақдодов сабаби аслии ин нишондодро бар асари паст шудани суръати афзоиши истеҳсолот дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», КМ «Тоҷиказот» ва ҶММ «Тоҷикистон» донист.
Масъулони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба пурсиши рӯзноманигорон перомуни фаъолияти корхонаҳои хусусишуда иброз доштанд, ки дар сурати аз фаъолият бозмондан ва ё номуназзамии истеҳсолот дар чунин корхонаҳо давлат метавонад онҳоро бозпас бигирад, зеро чунин шарт зимни хусусигардонии бисёре аз коргоҳҳо ба миён гузошта шудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4921