номаҳо
МАГАР ИН МУМКИН АСТ? ГАП ДАР БОРАИ МАКТАБИ № 64 – И НОҲИЯИ ВОСЕЪ МЕРАВАД, КИ ҲАМПАҲЛУИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ СИЛ АСТ.
Ман ин номаро махсус ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз номи ҷавонони деҳаи Восеободи хурди ноҳияи Восеъ мена-висам. Худам низ сокини ин деҳа мебошам ва ба мушкилоти он ошноӣ дорам.
Аз соли 1960 то соли 1995, яъне, 35 сол мактаббачагони деҳаи мо дар мактаби № 5 –и ба номи Лермонтов таҳсил мекарданд, ки он аз деҳа 2 километр дур буд. Ин масофаро онҳо ба ҷуз дар фасли зимистон ҳамеша пи-ёда тай мекарданд. Деҳа танҳо як боғча дошт ва онро соли 1995 ба мактаб табдил доданд, мактаби № 64. Дар он алҳол 470 нафар хонанда дар 3 баст таҳсил мекунанд. Албатта, дар 8 синфхона наметавон, ки таҳсили ду-бастаро ҷорӣ намуд. Илова ба ин, бояд бо ёрии ашхоси хайрхоҳ панҷ синфхонаи дигар сохта мешуд. Се сол инҷониб деворҳои бардоштаашон дар таги борону барф аст. Аммо нигаронии мо аз он аст, ки ин мактаб ҳам-шафати беморхонаи марказии касалиҳои сил мебошад. Беморхонаи мазкур чор сол пеш барои 60 кат бунёд ёфту ба истифода дода шуд. Магар мумкин аст, ки мактабу беморхонаи касалиҳои сил дар як паҳлу ҷой дошта бошанд?
Падару модари хонандагон ва умуман мардуми деҳа мехоҳанд, ки ин масъала мавриди таваҷҷуҳи махсуси масъулони Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарор бигирад. Вагарна ин масъалаи дар нигоҳи аввал одӣ метавонад оқибати ногуворе дошта бошад...
З. АКРАМОВ, деҳаи Восеободи хурди ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.11.2016 №: 234 Мутолиа карданд: 7782