мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО САФИРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИШВАРҲОИ АВРУПО
Имрӯз дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқоти корӣ доир намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи сафиронро ба "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030» ва ҳамкории ҳарчи бештари шарикони аврупоӣ дар татбиқи ин барнома ҷалб намуда, доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва сайёҳӣ, робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, истифодаи сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастурҳои зарурӣ доданд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон, бахусус Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018 - 2028 бояд нақши муассир дошта, дар ҳамаи сатҳҳо ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои узви СММ ва сохторҳои дахлдори он, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи нав ба роҳ монда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2016 №: 235 Мутолиа карданд: 7479