мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЯНОШ АДЕР
29 ноябр дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити об бо Президенти Маҷористон Янош Адер мулоқот намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат зикр карданд, ки “иқдоми навбатии мо оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт” ва изҳори боварӣ намуданд, ки Маҷористон дар рӯҳияи анъанаҳои неки ҳамёрӣ ва чун аъзои фаъоли Панели сатҳи баланд оид ба об аз ин ташаббус ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Дар мулоқот масоили рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ баррасӣ шуданд.
Тавре таъкид гардид, пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар 7 санади ҳамкорӣ асос ёфта, ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат низ тамоюли болоравӣ дорад. Аз идомаи судбахш ва густариши бештари муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва ташкилоту созмонҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла бо роҳи иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва бунёди зерсохтори энергетикии аҳамияти минтақавию байналмилалидошта табодули назар карда, дар ин самт таъсиси сохтори муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Маҷористонро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои дигари афзалиятнок, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, ҷалби доираи соҳибкорону тоҷирони Маҷористон дар татбиқи лоиҳаҳои коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот, истихроҷи маъдану сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон ва саноати кимиёи Тоҷикистон шуданд.
Ҳамчунин рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои муосиру сармояи хориҷӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки доираи сармоягузорону тоҷирони Маҷористон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳанд кард.
Ҷиҳати рушди ҳамкории судманд дар соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, таъмини амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Даъвати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо камоли ризоият пазируфта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2016 №: 235 Мутолиа карданд: 7596