порлумон
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД. ЛОИҲАИ ОН ТО СОЛИ 2030 БА ТАСВИБ РАСИД
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - ро ба тасвиб расонданд.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии он иброз дошт, ки ҳуҷҷати мазкур аз рӯи се принсипи асосӣ, аз ҷумла пешгирии осебпазирии рушди оянда, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ, рушд дар асоси навовариҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар тарҳрезӣ гардидааст, ки дар натиҷаи амалисозии онҳо рушди устувори иқтисодиёти мамлакат то ба давраи дарозмуҳлат таъмин гардида, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат мекунад. Вазири молия зикр кард, ки дар ҳуҷҷати стратегӣ се марҳилаи панҷсолаи рушд: солҳои 2016 – 2020 гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт, солҳои 2021 – 2025 рушди босуръати иқтисодиёт, ки бо ҷалби сармоягузорӣ асос меёбад ва солҳои 2026 – 2030 ба анҷом расондани индустрикунонии суръатнок тавассути баланд бардоштани иқтидорҳо бо назардошти рушди илм ва инноватсия пешбинӣ шудааст. Марҳилаи якум ба рушди соҳаи индустриалӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Тавассути он афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия таъмин гардида, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, дараҷаи баланди истеҳсолот, таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам меорад, ки дар натиҷа вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои беруна коҳиш меёбад. Барои марҳилаи дуюми рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва тараққӣ додани бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор хос мебошад. Дар ин марҳилаи стратегӣ амнияти энергетикӣ, ки ҳадафи он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ мебошад, амалӣ мегардад. Масъалаи раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра ҳал мегардад. Дар марҳилаи сеюм бошад, стратегияи рушди саноат ба ҷалби бевоситаи сармоягузорӣ асос ёфта, дигаргуншавии он дар заминаи илму техника ва инноватсия ба роҳ монда мешавад.
Назар ба гуфтаи вазири молия, сатҳи камбизоатӣ ду маротиба коҳиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёна аз 22 дарсад ба 50 дарсад расонда мешавад. Иқтидори энергетикии кишвар аз 17 миллиард килловат ба 45 миллиард киловатт хоҳад расид. Зикр гардид, ки эҳтиёҷоти умумии молиявии ҳуҷҷати мазкур беш аз 118 миллиарду 100 миллион доллар, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ 47,5 дарсад, бахши хусусӣ 46 дарсад ва шарикони рушд 6 дарсадро ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ стратегияи мазкур ҳамчун нақшаи фаъолият барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.12.2016 №: 237 Мутолиа карданд: 9178