туризм
ТУРИЗМ. ДАР БОРАИ МУАММОҲОИ РУШДИ СОҲА
Тоҷикистон барои рушди самтҳои гуногуни туризм имкониятҳои фаровон дорад. Ҳарчанд дар ин бахш аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ кӯшишҳои зиёд ба назар мерасанд, вале баробари туризми содиротӣ бояд туризмӣ воридотӣ низ рушд ёбад. Дар самти тарбияи кадрҳои тахассусманд низ чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ машғуланд, то бозори меҳнатро бо кадрҳои лаёқатманди рақобатпазир таъмин созанд. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар мадди аввал аст.
Дар ин бора Ашурбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, зимни конфронси илмӣ – амалии байналмилалии «Муаммоҳои инкишофи туризми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт.
Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр кард, ки Тоҷикистон барои танзими сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм беш аз 30 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул кардааст, ки барои рушди он мусоидат менамоянд. Сокинони 81 кишвари дунё метавонанд аз се фурудгоҳи байналмилалии кишвар соҳиби раводид шаванд. Ба наздикӣ раводиди электронӣ ҷорӣ мегардад, ки сайёҳон тавассути интернет соҳиби раводид ба Тоҷикистон мегарданд. Ин иқдомҳо сафари хориҷиёнро ба кишвари мо бамаротиб осонтар менамояд. Тоҷикистон хусусан дар самти туризми экологӣ, тиббӣ, фарҳангӣ - таърихӣ имконияти фаровон дошта, борҳо ҳамчун кишвари зеботарин ва мусоид барои сайёҳон дар ҷаҳон эътироф гаштааст.
Регина Гаутлина, коршиноси соҳаи туризми Қирғизистон, изҳор дошт, ки тӯли шаш моҳ дар Тоҷикистон фаъолият мебарад ва ба ояндаи дурахшони туризми кишвар некбин аст. Ба гуфтаи вай афзалияти асосии туризми Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки ҷойҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ дар тамоми минтақаҳои он ба назар мерасанд ва аз махсусиятҳои нодири табиӣ бархӯрдоранд.
Масоили дигари соҳа, аз ҷумла роҳҳои истифодабарии самараноки захираҳои туристӣ, муаммо ва имкониятҳои рушди туризми байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ; заминаҳо ва дурнамои рушди агротуризм; роҳҳои рушди сайёҳӣ аз нигоҳи барномаҳои давлатӣ ва зарурати таҳияи барномаҳои туристӣ барои минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Машҳура АБДУЛЛОЕВА,
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.12.2016 №: 239 Мутолиа карданд: 8865