мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИЛИЯ БУРУНЧУК ВА ЙОҲАННЕС ЛИНН
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линнро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили гуногуни вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо саҳми институтҳои молиявиро дар самти рушди иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ менамоем ва истифодаи таҷрибаи онҳоро барои пешрафти иқтисодӣ судовар медонем.
Изҳори бовар карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушд ва дӯстони мардуми Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ нақши муассир мегузоранд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин дар хусуси тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъда, таъмин намудани афзалиятҳои миллию баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - ро дар бар мегирад, табодули афкор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.12.2016 №: 240 Мутолиа карданд: 7409