барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ!
Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷиабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истамбул тасаллияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол медорам.
Мо ин амали интиҳории ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро ба ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем.
Бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли наздикони фавтидагон, орзуманди шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.2016 №: 243 Мутолиа карданд: 6973