мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КАРУ ҶАЯСУРИЯ
14 декабр мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Кару Ҷаясурия баргузор гардид.
Дар он масъалаи вобаста ба роҳандозии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ омили муассири рушди муносибатҳои фарогири байнидавлатӣ буда, дар ташаккули заминаи ҳуқуқии онҳо нақши муҳим мегузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мавзӯи ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳо қарор гирифта, дар ин замина ҷиҳати таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Шри-Ланка тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, аз қабили иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ тавассути оғози бобарори робитаҳои байнипарлумонӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён карда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда барои беҳтар гардидани сатҳу сифати муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Шри - Ланка парлумонҳои ҳар ду давлат нақши босазо хоҳанд гузошт.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳалли фарогири қазияи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонии муштарак дорад, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар стратегияи амниятии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро касб менамояд, баррасӣ гаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2016 №: 245 Мутолиа карданд: 6785