logo

маориф

ДДСТ: ихтисоси «Бойгонишиносӣ» таъсис ёфт

Аслиддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки имсол донишкадаро 180 нафар хатм намуд, ки аз он 16 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. Инчунин ҳама хатмкунандагон бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Аз 887 донишҷӯи бахши рӯзона 80 нафар сессияи тобистонаро бо баҳои аъло ҷамъбаст кард. Дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод беш аз 100 асари донишҷӯёни шӯъбаи рассомӣ бо номи «Баҳори истиқлол» 15 рӯз ба маърази тамошо гузошта шуд. Мутахассисон оид ба он ибрози ақида намуда гуфтанд, ки ин асарҳо ҷавобгӯи талаботи мактаби олии касбӣ мебошанд.
«Бузургдошти мерос ва рушди фарҳанги муосир» номи мавзӯи конференсияе буд, ки ба 1310-солагии Имоми Аъзам ва 18-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Бо ин ном китоби алоҳидае низ ба табъ расид. Анъанаи қадимаи «Гули сурх» эҳё шуд. Дар аввали моҳи гузашта ба ин хотир бо иштироки олимону мутахассисон семинари илмӣ-амалӣ доир гардид.
Ду нафар донишҷӯи шӯъбаи режиссёрӣ дар Фестивали байналмилалии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, соҳиби дипломҳои ҷашнвора шуд. Се консерти ҳисоботии донишҷӯён тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш ёфт.
Вобаста ба пурсиши хабарнигорон ректор гуфт, ки имсол 445 нафар довталаби арзандаро дар 14 ихтисос ба сафи донишҷӯӣ мепазиранд.
Ба шӯъбаи китобдорӣ ба таври илова боз 50 нафар қабул карда мешавад. Умуман, донишкада масъул аст, ки то ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллии кишвар 300 китобдорро тайёр кунад. Имсол ихтисоси нав бо номи «Бойгонишиносӣ» таъсис ёфт.

Абдулқодири Раҳим,
Фарзонаи Файзалӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед