logo

порлумон

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲИФЗУ НИГОҲДОРИИ ОНҲО ДАР МУҲОКИМАИ ПОРЛУМОНӢ

15 декабр таҳти раёсати Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳокимаи порлумонӣ оид ба масъалаи  «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 - 2020» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.
Дар муҳокимаи порлумонӣ Хайринисо Юсуфӣ иброз намуд, ки омӯзишу таҳқиқ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии кишвар маҳсуб меёбад. Зикр шуд, ки яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ дар соҳаи фарҳанг ин таҳия ва тасдиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 - 2020» мебошад. Барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 тасдиқ гардидааст.
Мувофиқи «Рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ» 2020 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, аз ҷумла 1278 адад бостонӣ, 300 адад меъморӣ ва 442 адад таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод ба шаҳри Душанбе 34 адад, вилояти Хатлон 581 адад, вилояти Суғд 724 адад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 251 адад ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 430 адад ёдгориҳо мансуб мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир дар доираи барномаи мазкур ва берун аз он барои ҳифз ва тармиму барқарорсозии даҳҳо ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, аз ҷумла қалъаҳои куҳану осори меъмории Истаравшан, Хуҷанд, Ҳисор, осори таърихиву меъмории Панҷакент, шаҳристони қадимаи Саразм, ёдгориҳои Тахти Сангин, мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мазори Ҳазрати Султон, чандин музею осорхонаҳо, ҳамчунин тармиму бозсозии яке аз ёдгориҳои нодири асримиёнагии пойтахти Хатлон шаҳри Ҳулбук, ки ҳоло дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ҷойгир аст ва дигар ёдгориҳои меъмориву таърихӣ маблағи зиёд ҷудо кардааст. Лутфия Раҷабова раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҷеъ ба ин масъала гуфт, ки тавре таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, низоми таъминоти кадрӣ вобаста ба фаъолияти нигоҳдорӣ ва эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ниёз ба ислоҳот дорад. Имрӯз дар сатҳи баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, алалхусус дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисор, Исфара, ноҳияи Шаҳринав воҳидҳои корӣ - нозирони ҳифзи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шуда бошанд ҳам, дар аксарияти дигар маҳалҳо чунин воҳидҳои дахлдори корӣ вуҷуд надоранд. Аксарияти мутахассисони маҳаллӣ ниёз ба такмили ихтисос ва касб доранд. Ин кор номунтазам ба роҳ монда шудааст, ки нигаронкунанда мебошад.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки як қисм ёдгориҳои таърихӣ барои қабул ва ё ташрифи шаҳрвандон чандон омода нестанд. Шиносоӣ бо фаъолияти ёдгориҳои таърихии пурра фаъолиятбаранда муқаррар намуданд, ки ҳангоми самаранок ва мақсаднок истифода бурдани онҳо корҳои муайянеро дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас, инчунин рушди туризми дохилӣ анҷом додан мумкин аст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои порлумонӣ қабул намуданд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 8068
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед