logo

илм

ЗЕҲНИ СУНЪӢ. ОҚИБАТҲОИ ОФАРИНИШИ ОН БАРОИ ИНСОНИЯТ ЧӢ ГУНА АСТ?

Муҳаққиқон бар онанд, ки дар ояндаи наздик ақли сунӣ ба инсоният зарари гӯшношунид мерасонад. Тибқи иттилои нашрияи Ouartz робототехника имрӯз бо суръати баланд инкишоф меёбад. Агар ҳоло роботҳо 10 дарсади фикрронии инсонро доро бошанд, пас то соли 2040 ин нишондиҳанда ба 50 дарсад ва то соли 2075 ба дараҷаи ниҳоӣ хоҳад расид. 
Стивен Хокинг, астрофизики маъруф, дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо журналисти амрикоӣ Ларри Кинг оид ба ин мавзӯъ изҳор доштааст, ки «вақте мошинҳо ба марҳалаи ниҳоии таҳаввулёбии мустақилона мерасанд, то кадом андоза мақсадҳои онҳо бо мо мувофиқ меафтанд, сарфаҳм рафтан номумкин мегардад».
Оқибатҳои офариниши зеҳни сунъӣ барои инсоният чӣ гуна аст? Магар роботҳо то ҳадди фикрронии инсонӣ расида метавонанд? Бо ин ва дигар  суолҳо хабарнигори рӯзнома ба Меҳрдод Субҳонӣ, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат кард.
- Ақли сунъӣ техникаи муосир аст, ки дорои қобилияти дарк намудани лафзи инсонӣ буда, дар ҳолати ҷорӣ намудани  рамзҳои барномасозӣ корро иҷро менамояд. Барои сохтани ақли сунъӣ, пеш аз ҳама, аз нанотехнология истифода бурда шуд. Зеро нанонайчаҳо барои сохтани ақли сунъӣ мусоидат мекунанд. Ақли сунъӣ имрӯз аллакай мавриди истифода қарор дорад. Аммо сатҳи IQ (дараҷаи рушди зеҳнӣ) –и он ниҳоят паст аст. Масалан, компютери ҳамарӯза истифодашаванда. Ба воситаи равзанаи ҷустуҷӯӣ дилхоҳ маълумотро дохил намуда, дарёфти онро фармон медиҳем  ва он дар як сония маълумотро пениҳод месозад, ки ин, аллакай, корӣ зеҳнӣ ба ҳисоб меравад.
Вале ҳар ихтироот ва навоварӣ ҷиҳатҳои мусбату манфӣ доранд. Аз ҷумла, ақли сунъӣ ҳам. Агар технологияҳои сатҳи баланди роботӣ дар истеҳсолот ҷорӣ гарданд,  коэффитсиенти кориҷронамоии инсон зиёд мегардад, истеҳсоли маҳсулот бештар мешавад, маҳсулоти бадастомада нархҳои нисбатан дастрас хоҳанд дошт. Инчунин, роботҳо метавонад инсониятро аз иҷрои корҳои вазнин, ба монанди корҳои иктишофию геологӣ ва амсоли инҳо, озод намоянд.
Аз ҷониби дигар рушди ақли сунъӣ метавонад як қатор нигарониву хатарҳоро ба миён орад. Аввалан, дар сурати ба роботҳо супурдани амалҳои муайян аксари одамон бекор мемонанд, ки ин ба ҳар гуна вокунишҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Арзиши меҳнат, ки асоси зиндагии инсон маҳсуб меёбад, аз байн меравад. Дуюм, ҳангоми ба хатоӣ роҳ додан дар барномасозии роботҳои сатҳи баланд, онҳо метавонанд объектҳои дар ихтиёрдоштаро хароб созанд.
Бисёри оянданигарон бар он ақидаанд, ки технологияҳои инноватсионӣ дар ҳолати пеш рафтан ва ба сатҳи худвусъатёбӣ расидан мумкин аст, ки байни худ робита пайдо намоянд ва дар натиҷа зеҳни пуриқтидорро ташкил дода, идора намоянд. Ба андешаи гурӯҳи дигар мошинҳои дақиқи соҳаҳои тиб, хизматрасонӣ ва истеҳсолот минбаъд танҳо мукаммал мегарданд ва ин ба «исёни мошинҳо» оварда мерасонад.
Агар ба масъала аз нигоҳи техникӣ назар афканем, пас бояд гуфт, ки ақли сунъӣ метавонад ба сатҳи баландтарини таҳаввулёбӣ расад.

P.S. Ёдрас мешавем, ки технологияи системаҳои ақлӣ бо ёрии барномаҳои компютерӣ фаъолона офарида мешаванд. Пешравии махсус дар робототехника, тиб, мудофиаи зиддиҳавоӣ, технологияи компютерӣ, кибернетика ва сохтмон ба даст омадаанд.
Аз ҳама системаҳои маълум дар ҳоли имрӯз DEEP BLUE -  ғолиби чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот (мусобиқаи Каспаров зидди ЭВМ), Watson – дарки нутқи инсон ва мувофиқсозии он, MYEIN – системаи тамъизӣ барои ташхиси бемориҳо мебошанд.
Аз рӯйи кор бо ин технологияҳо солҳои зиёд ИМА, Русия, Ҷопон ва Олмон мамлакатҳои пешоҳанг боқӣ мемонанд. 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 22789
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед