порлумон
ЗАНБӮРПАРВАРӢ. ТАВАҶҶУҲ БА ЗОТИ КАРПАТӢ БЕШТАР МЕШАВАД
Дар ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ, ки бо иштироки масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат баргузор гашт, рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2016» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бадриддин Садриддинов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, иброз дошт, ки дар натиҷаи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011 - 2016» ва дастгирии молиявӣ аз Буҷети давлатӣ, теъдоди оилаҳои занбӯри асал дар кишвар ба 179 000 ва истеҳсоли асал ба 3 000 тонна расонда шуд.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» Музаффархон Ҳалимов перомуни дастовардҳо ва мушкилоти соҳа ибрози назар намуда, зимнан тазаккур дод, ки занбӯрпарварӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба се самти асосӣ - гирифтани маҳсулот, зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ва гардолудсозии зироатҳои кишоварзӣ равона шудааст. Мутаассифона, дар аксари мавридҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ, ки соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошанд, моҳияти самти сеюм - гардолудшавии зироатҳоро дуруст дарк накарда, дар ҳудуди заминҳои ба онҳо вобастабуда ҷойгиронии оилаҳои занбӯри асалро бидуни шартномаи пешакӣ иҷозат намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки истифодаи оилаҳои занбӯри асал дар гардолудкунии набототи энтомофилӣ на танҳо ба афзоиши ҳосилнокии онҳо, балки ба хушсифатшавии меваю тухмҳо низ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, дар вақти гардолудшавии рустаниҳо ҳосилнокии пахта ва офтобпараст аз 30 то 50 дарсад ва зироатҳои дар гармхона парваришёбанда (помидор, бодиринг) то 100 дарсад баланд мегардад. Зикр гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ зотҳои занбӯри асали маҳаллӣ, қафқозӣ, итолиёвӣ, руси миёнагӣ ва карпатӣ парвариш карда мешаванд. Ҳар кадоми онҳо бо хусусиятҳои хоси худ аз якдигар фарқ мекунанд, аммо занбӯри зоти карпатӣ нисбат ба дигар зотҳо бо дароз будани хартум, тобоварӣ ба касалиҳои вароатоз ва нозематоз, зиёд будани миқдори тухмгузорӣ, инчунин сермаҳсулиаш афзалият дорад. Аз ин рӯ, дар нақшаи амалигардонии барнома харидани ин зот пешбинӣ шудааст.
Ба Вазорати кишоварзӣ тавсия дода шуд, ки барномаи нави рушди соҳаро барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад. Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин вазифадор шуданд, ки бо баррасии масъалаи ҷудо намудани субсидияи давлатӣ ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзноки бонкӣ, бо мақсади пешбурди фаъолияти занбӯрпарварӣ, омӯзиши имкониятҳо барои озод намудан аз боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда оид ба воридоти модарзанбӯри зотӣ, таҷҳизоти соҳаи занбӯрпарварӣ ва доруворӣ, ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» пешниҳодҳо ироа намоянд.
Мунаввари САФАР,«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2016 №: 253 Мутолиа карданд: 7865