logo

порлумон

УСТУВОРИИ НИЗОМИ БОНКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров,  Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Қурбониён Абдусалом, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳа  иброз намуд, ки ин пешниҳод бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, коҳиш додани шиддатнокии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, нигоҳ доштани эътимоднокӣ ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ таҳия шуда, сармоякунии бонкҳоро бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, кам гардидани сармоягузории хориҷӣ, коҳиш ёфтани  ҳаҷми интиқоли пулӣ, ноустувории қурби пули миллӣ ва паст шудани пардохтпазирии аҳолӣ боиси он шуд, ки бонкҳои низомсози кишвар ба буҳрони шадиди молиявию қарзӣ рӯ ба рӯ шуда, эътимоди мизоҷон ба бонкҳо коста гардид. Бинобар ин, ҷиҳати сармоякунонии  ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСП «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол бо меъёри 2 дарсади солона пешбинӣ мегардад. 
Коғазҳои қиматнок дар шакли векселҳои давлатӣ  аз ҷониби  Вазорати молия бароварда шуда, ба бонкҳои зикргардида ба ивази саҳмияҳои иловагии баровардаи онҳо супурда мешаванд. Бонкҳои сармояшаванда векселҳои давлатии бадастомадаро ба Бонки миллии Тоҷикистон бар ивази маблағҳои пулӣ барои таъмини пардохтпазирии худ гузашт мекунанд. Дар натиҷаи амалиёти мазкур дорандаи векселҳои давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Вазорати молия бо фарорасии муҳлати пешбининамуда векселҳои маблағҳои гирифташударо бо фоизҳои он ба Бонки миллии Тоҷикистон пардохт менамояд.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, зикр сохт, ки бонкҳои мазкур бо роҳи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пардохтпазирии худро таъмин менамоянд. Ба бонкҳо  дар ҳаҷми 3750 миллион сомонӣ, аз ҷумла  ба ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 2250  миллион, ҶСК «Агроинвестбонк» 1070 миллион, ҶСП «Тоҷпромбонк» 450 миллион ва  ҶСК «Фононбонк» 80 миллион сомонӣ аксияҳо аз тарафи Вазорати молия пешниҳод мегардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 7958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед