logo

туризм

Экспедитсия қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Озодиро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад

Таҷриба нишон медиҳад, ки рушди туризм дар ин ё он кишвари сайёра ба баланд гардидани сатҳи иқтисодӣ ва дар ҳоли рушд қарор гирифтани дигар бахшҳои муҳими ҷомеа мусоидат мекунад. Агар ба таври сунъӣ фароҳам овардани шароити сайёҳӣ дар баъзе аз мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба назар расад, чунин имкониятҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба ибораи маъмул худодод аст. Аз ин рӯ истифодаи босамар аз захираҳои туристӣ ва тарғиби дурусти он дар минтақа ва ҷаҳон ҳар сол метавонад ба буҷети кишвари мо даромади чашмрасеро ворид созад.
Бо назардошти чунин омилҳои вусъатбахши иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ рушди туризмро дар маркази таваҷҷӯҳи худ қарор додааст. Аз ин ҷиҳат барои фаъолияти ширкату корхонаҳои сайёҳӣ фазои мусоиде фароҳам оварда шудааст, ки метавонад яке аз омилҳои таконбахши соҳа гардад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» аз қабили ширкатҳои сайёҳиест, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати давлатии рушди туризм дар доираи ваколату имкониятҳои мавҷудаи худ содиқона талош меварзад. Дар мавриди тарғибу ташвиқи захираҳои туристии кишвар корхона бо ширкату созмонҳои бонуфузи сайёҳӣ ва мамолики дорои афзалиятҳои хуби туристӣ равобит ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳар сол дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 марти соли 2005 «Дар бораи дастгирии масъалаҳои туризми экологӣ, кӯҳӣ-варзишӣ ва кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон» баргузории экспедитсияи  байналмилалии кӯҳнавардӣ, ки бахшида ба даҳсолагии амалиёти «Об барои ҳаёт» пешбинӣ шудааст, ҷараён мегирад.
Соли ҷорӣ дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани ин чорабинии муҳимро Корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» ба ӯҳда дорад. Феълан дар доираи омодагӣ ба экспедитсия корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ анҷом ёфта, зиёда аз 100 нафар кӯҳнавард аз кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Туркия, Латвия, Чехия, Испания ва Бразилия ҷалб шуд, ки ташрифи онҳо ба Тоҷикистон аз 15 июни соли равон оғоз гардидааст. Ҳамчунин бо назардошти қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қуллаи Озодӣ номгузорӣ шудани қуллаи беноми баландиаш 6230 метра, воқеъ дар шохаи шимолу ғарбии қаторкӯҳҳои Акадимияи илмҳо» баргузории экспедитсияи байналмилалии  кӯҳнавардӣ дар назар аст.
Тибқи барномаи пешбинишуда, иштирокдорони он ба минтақаи баргузории чорабинӣ то ноҳияи Ҷиргатол ба воситаи нақлиёти заминӣ рафта, аз он ҷо то лагери базавии экспедитсия - майдончаи пиряхи «Москвина» (шимолу ғарби ВМКБ) як гурӯҳ тавассути чархбол ва гурӯҳи дигар пиёда фатҳи қуллаҳои номбурдаро анҷом медиҳанд.
Соли ҷорӣ нахустин маротиба дар чорабинии мазкур кӯҳнавардони ватанӣ иштирок менамоянд ва тасмим гирифтаанд, ки аввалин шуда, парчами Тоҷикистонро дар қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Озодӣ бармеафрозанд.
Дар робита ба ин гуфтан мумкин аст, ки баргузории экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ барои тарғибу ташвиқи захираҳои бойи туристии кишвар ва баланд бардоштани нуфузи он дар сатҳи давлатҳои ҳамсуд заминаи устуворе ба миён хоҳад гузошт.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7422
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед