порлумон
БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТ. БА РУШДИ САНОАТ ВА КИШОВАРЗӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ МЕБАХШАД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор шуд, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, иброз намуд, ки Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд. Дар барнома масъалаҳои истифодаи захира ва имкониятҳои мавҷуда роҷеъ ба самаранокии идоракунии давлатӣ, таъмини пурраву саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, пайваста тараққӣ додани минтақаҳои гуногуни кишвар ва соҳаҳои мухталиф, бахусус соҳаҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон идома додани раванди ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкории хурду миёна ҳамчун самтҳои муҳим мавриди чораҷӯии амиқ қарор дода шудаанд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави тараққиёт, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим мебошад, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи Умед Давлатзода, татбиқи барнома имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсади соли 2015 то ба 20 дарсад дар соли 2020 расонда шуда, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 дарсад то 30 дарсад баробар гардад.
Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, таъкид намуд, ки модели нав дар муқоиса бо модели пешина, ки ба истеъмолот нигаронда шуда буд, як қатор бартариҳо дорад. Аз ҷумла, модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, ин ба ташкили васеи ҷойҳои нави кории пурмаҳсул ва рушди шуғли расмӣ мусоидат карда, ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар қисмати даромади Буҷети давлатӣ оварда мерасонад.
Эҳтиёҷоти умумии молиявии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 аз рӯи шумораи ислоҳоти дарҷгардида тариқи тадбирҳои матритсаи амалиёт 25,6 миллиард доллар, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ 14 миллиард доллар, бахши хусусӣ 9,1 миллиард доллар ва шарикони рушд 2,4 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2016 №: 259 Мутолиа карданд: 7605