илм
ПАЁМ. ИЛМ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Дар Паёми навини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба илм низ диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба ин масъала як силсила барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ва тарбия намудани кадрҳои ҷавон мусоидат менамоянд.
Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 низ зарурати воқеии худро дорад, зеро имрӯз дар Тоҷикистон масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ дида мешаванд. Сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи илм аз он иборат аст, ки ҷавононро ба илм ҷалб ва ин хавфро пешгирӣ намояд. Имрӯз аз теъдоди умумии номзадҳои илм тақрибан 13,3 дарсад то 35 - сола ва докторони илмро 1,2 дарсад ҷавонони синни то 35 - сола ташкил медиҳанд.
Бо назардошти ин таъкид шукд, ки барои боз ҳам инкишоф додани илм ва беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шавад. Ҳадаф аз таъкиди Пешвои миллат ташаккул ва рушди низоми миллии инноватсионӣ бо назардошти манфиатҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва рушди ҷаҳонии илми тоҷик мебошад.
Дар зеҳни миллати тоҷик маърифатдӯстӣ аз азал вуҷуд дошт ва имрӯз он чун пештара аз нав эҳё гардида, илми тоҷик яке аз парчамбардорони миллат ва давлат хоҳад шуд. Зеро ҷаҳониён саҳми олимони машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Умари Хайём ва дигаронро, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ саҳми беназире гузоштаанд, хуб медонанд.
Масъулияти мо низ дар он сурат бештар мегардад, ки ҳар дастуру супориш ва таъкидҳои Президенти мамлакатро роҳнамои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба Ватани азизамон хизмат намоем ва дар пешрафти он саҳмгузор бошем.
Фирдавс ҲАИТОВ, номзади илми фалсафа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.01.2017 №: 1 Мутолиа карданд: 22291