барқияҳо
НОМАҲОИ ШОДБОШӢ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
4 январи соли 2017 аз рӯзи оғози робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бисту панҷ сол пур мешавад. Дар иртибот ба ин марҳалаи муҳим дар таърихи муосири муносиботи байни кишварҳоямон бо камоли майл ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.
Чоряк аср муқаддам Хитой ҳамчун ҳамсояи хайрхоҳ ва дӯсти боэътимод аз аввалин давлатҳое буд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият пазируфт ва кишварҳои мо ба ташаккулу густариши робитаҳои сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хитой чи дар чорчӯбаи дуҷониба ва чи дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуданд. Имрӯз ба ҳамшарикии кишварҳои мо, ки дар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст, сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст.
То имрӯз заминаи ғании ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба фароҳам оварда шуда, василаҳои самараноки пешбурди онҳо эҷод гардидаанд, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҷонибҳо босуръат рушд карда, ҳамкории мо дар соҳаи амният таҳким меёбад. Байни Тоҷикистон ва Хитой дар сатҳи олӣ ва баланди давлатӣ муколамаи доимии сиёсӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ҷараёни он дидгоҳи усулии ҷонибҳо нисбат ба доираи васеи мушкилоти мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳое, ки ба рӯзномаи СММ ва СҲШ шомиланд, ҳамсон ва ё ба ҳам бисёр наздик мебошанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам нақши бузурги шахсии Шуморо, ҷаноби Раис, дар ин раванди барои ҷонибҳо судманд таъкид намоям.
Мо муносибатҳои босуботи худро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой арзишманд медонем ва ба рушди мантиқии онҳо дархӯр ба рифоҳи мардумонамон эътимоди комил дорем. Дар дурнамои наздик ва дарозмуҳлат рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ҳамсояи бузурги худ самти авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Бо таъкиди манфиатдорӣ дар нигоҳ доштан ва боло бурдани сатҳи муносибатҳои кишварҳоямон, мо омодагии хешро барои идома бахшидани кӯшишҳои муштараки минбаъда ҷиҳати бо мазмуни нав боз ҳам ғанитар гардондани тамоми ҷанбаҳои ин ҳамкориҳо иброз медорем.
Итминон дорам, ки ба солномаи пуршарафи дӯстии абадӣ ва заволнопазири Тоҷикистону Хитой дар оянда саҳифаҳои нави дурахшон илова хоҳанд гашт.
Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати 25 - солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямон сидқан табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушрӯзӣ ва комёбиҳои нав дар роҳи таъмини шукуфоии мардуми дӯсти Хитой орзумандам».
Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба шарафи 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Хитой ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти хешро иброз намоям.
Тоҷикистону Хитой ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳо ба ҳам мепайванданд. Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои кишварҳои мо босубот ва самарабахш рушд меёбанд. Тамосҳову мубодилаи сафарҳо дар сатҳи баланд мунтазам ба роҳ монда шуда, сатҳи эътимоди мутақобилаи сиёсӣ пайваста боло меравад. Ҳамкории ду кишвар дар чорчӯбаи эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор меоварад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин тариқ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд. Ҷонибҳо Аҳдномаро “Дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонда, муносибатҳои шарикии стратегиро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, ки ба марҳалаи наву муҳими рушди худ ворид мешавад, ҷиддан пеш бурдаанд. Ҷониби Хитой аз натиҷаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамояд ва ба ояндаи неки тавсеаи онҳо итминони комил дорад.
Ин ҷониб ба густариши минбаъдаи муносибатҳои Хитою Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад. Ҷониби Хитой масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар, саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурди тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ қотеона пуштибонӣ менамояд. Ба муносибати 25 - солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо омодагии хешро ҷиҳати, дар якҷоягӣ бо Шумо, минбаъд ҳам таҳким бахшидани эътимоди мутақобилаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкорӣ ба хотири эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ” ва мунтазам ба зинаҳои нав баланд бардоштани муносибатҳои шарикии стратегии Хитою Тоҷикистон бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон иброз медорам.
Орзуманди таҳкиму рушди пайвастаи дӯстии Хитою Тоҷикистон мебошам.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳо орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2017 №: 2 Мутолиа карданд: 6054