logo

туризм

ТУРИЗМИ КӮҲӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Маълумот оид ба туризми воридотӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба хусусиятҳои табиии кишвар, туристони хориҷӣ ба навъи туризми кӯҳиву варзишӣ ва экстрималӣ афзалият медиҳанд. Вале пешниҳод нашудани хизматрасонии дастрасу босифат, набудани роҳбаладони соҳибтахассусу ботаҷриба, наҷотдиҳии саривақтӣ дар ҳолатҳои фавқулода мушкилоти асосие мебошанд, ки садди рушди сайёҳӣ дар мамлакатанд.
Кӯҳҳои Фон (қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон) ва Помир (аз Лахш то Мурғоб) минтақаҳои асосии туризми кӯҳӣ мебошанд. Соли гузашта аз ҷониби Ассамблеяи байнипорлумонии аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кӯҳҳои Фон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ байни давлатҳои ИДМ эътироф гардиданд.
Тавре маълум аст, барои баромадан ба қуллаҳои баланд дар баъзе кишварҳо як сайёҳ 1600 доллари ИМА, ду нафар 900 ва се сайёҳ 700 доллари ИМА пардохт менамояд. Тибқи ҳисобҳои пешакии коршиносон, даромад аз кӯҳнавардӣ ва туризми кӯҳӣ метавонад  то 15 - 20 дарсади ММД – и мамлакатро ташкил диҳад.
Фаррух Иззатуллоев, сардори раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, ки гарчанд аз ҷониби кумита ҷиҳати рушди туризми кӯҳиву варзишӣ дар кишвар чораҳои муассир рӯйи даст гирифта мешаванд, аксари ширкатҳо ба ин навъи сайёҳӣ чандон завқ надоранд. 
Масъалаи омоданамоии кӯҳнавардону шухпаймоҳои ҷавони соҳа низ таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамояд. Зеро роҳбаладон оид ба кӯҳнавардиву шухпаймоӣ дар Тоҷикистон ангуштшуморанд. Дигар ин ки аз панҷ мактаби олие, ки мутахассисони соҳаи сайёҳиро омода месозанд, дар барномаи таълимиашон асосҳои сайёҳии кӯҳӣ ё кӯҳнавардӣ ҷой надорад. Танҳо дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чунин як ихтисос мавҷуд аст, вале дар барномаи таълимиаш ягон дарси вобаста ба туризми кӯҳӣ ворид нашудааст.
Ҷовид Завқов, устоди калони кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, мегӯяд, ки ин намуди туризм хатарнок ва мушкил аст.
- Хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳам бисёр нозукиҳоро тақозо дорад. Яъне нафаре, ки сайёҳонро роҳбаладӣ менамояд, бояд аз ҷиҳати физиологиву психологӣ омода буда, аз варзиш, ҷуғрофия, тиб, забонҳо ва хӯрокпазӣ бархӯрдор бошад. Дар акси ҳол сатҳи хизматрасонӣ паст мешавад.
Дар ҷумҳурӣ ҳастанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба монанди “Алпинизм ва шухпаймоӣ”, “Федератсияи туризми варзишӣ” лекин онҳо фаъолияти маҳдуд доранд. Ҳамчунин,  теъдоди ками ҷавонон мехоҳанд ҳаёти худро бо чунин навъи варзиш алоқаманд созанд. Масъулон ҳам дар навбати худ барои рушди соҳа чандон ҷидду ҷаҳд надоранд, - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

P.S.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида таъсис дода шавад. Бинобар ин, масъулонро мебояд дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд, то туризми кӯҳӣ боз ҳам аз назарҳо дур намонад.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 7228
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед