энергетика
БАРҚ. МАҲДУДИЯТИ РӮЗОНА ДАР САРОСАРИ КИШВАР БАРҲАМ ХӮРД
Шурӯъ аз 5 январи соли равон дар кишвар маҳдудияти рӯзонаи барқ барҳам дода шуд. Аз 5 январ минтақаҳои кишвар боз 5 соат зиёдтар - аз соати 5 – и субҳ то 10 – и шаб, яъне 17 соат дар шабонарӯз барқ мегиранд. То ин дам ба минтақаҳои кишвар давоми ҳар шабонарӯз 12 соат - аз соати 5 то 11 ва аз соати 16 то 22 барқ дода мешуд.
Ёдрас менамоем, ки реҷаи маҳдудияти барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2016 – 2017 аз 1 ноябр ҷорӣ гардид. Аввал ба минтақаҳо давоми шабонарӯз мувофиқи реҷа 7 соат барқ медоданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъёри барқдиҳӣ ба минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз то 12 соат зиёд карда шуд. «Мо таъмин намудани талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ ва аҳолиро бо неруи барқ ва гармӣ тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва дар айни замон роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мешуморем», - таъкид карданд Сарвари давлат зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2». Маҳз дар ҳамин маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа ҷиҳати коҳиш додани реҷаи маҳдудияти мавсимии барқ ва зиёд намудани барқдиҳӣ ба тамоми минтақаҳои кишвар дастур доданд.
Мавриди истифода қарор ёфтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» барои барҳам додани маҳдудияти рӯзонаи барқ омили асосӣ гардид. Ҳамчунин, тибқи иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», айни ҳол сатҳи оби обанбори Норак ба дараҷаи меъёрӣ баланд аст, ки ин барои кори муътадили агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» ва барҳам додани маҳдудияти рӯзонаи барқ мусоидат мекунад. «Барқи тоҷик» зимни расондани ин хабар аз муштариён хоҳиш кардааст, ки барқро сарфакорона истифода баранд, ба исрофи беҳуда роҳ надиҳанд ва ҳаққи истифодаи барқро сари вақт пардохт намоянд.
С. АЗИЗ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2017 №: 4 Мутолиа карданд: 19664